Lyrics
Ҷони ман, ҷони ман,
Дилбарҷон ошнои ман,
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Ҷони ман, ҷони ман,
Дилбарҷон ошнои ман,
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Э бале!
Санге ба саре рехт дандонам ҳанӯз,
Ташнаи оби Бадахшонам ҳанӯз.
Ҳарчӣ аз ман рафт дар ман кам нашуд,
Лаъл дорад пардаи ҷонам ҳанӯз.
Ҳарчӣ аз ман рафт дар ман кам нашуд,
Лаъл дорад пардаи ҷонам ҳанӯзе.
Ҷони ман, ҷони ман,
Дилбарҷон ошнои ман,
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Ҷони ман, ҷони ман,
Дилбарҷон ошнои ман,
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Пурсон карда биёӣ,
Бадахшон зодгоҳи ман.
Баракаллоҳ! О қабула!
Парӣ будӣ-ву бо ман рост кардӣ,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Ба нозу ишва ишқ оғоз кардӣ,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Маро овоз додӣ чун расидам,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Кабӯтар гаштӣ-ву парвоз кардӣ,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Гули сурхи бутазор,
Пошнабаланди мӯзадор.
Гули сурхи бутазор,
Пошнабаланди мӯзадоре.
Қабула! О бале!
Баракаллоҳ!
Гули ман меравӣ ин сӯ нигоҳ кун,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Гирифтори туям шарм аз Худо кун,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Гирифтори туям як сол мешад,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Ба ранги зарди ман боре нигоҳ кун,
Гулам пайём бидеҳ ҷонона осон мадеҳ ё.
Гули сурхи бутазор,
Пошнабаланди мӯзадор.
Гули сурхи бутазор,
Пошнабаланди мӯзадоре.
Қабула!
Сӯзам чу кабоб,
Нолам чу рубоб,
Сӯзам чу кабоб,
Нолам чу рубоб,
Бечора дилам,
Маст аст бе шароб,
Бечора дилам,
Маст аст бе шароб ҳайи.
О ёра!
Ӯ ёри ту нест,
Дилдори ту нест,
Ӯ ёри ту нест,
Дилдори ту нест,
Он дил ки ту додаӣ,
Вафодори ту нест.
Сӯзам чу кабоб,
Нолам чу рубоб,
Сӯзам чу кабоб,
Нолам чу рубоб,
Бечора дилам,
Маст аст бе шароб,
Бечора дилам,
Маст аст бе шароб ҳайи.
Қабула!
Булбул ба қафас,
Танг аст ин нафас,
Булбул ба қафас,
Танг аст ин нафас,
Бечора дилам,
Эй рӯи ту ҳавас.
Сӯзам чу кабоб,
Нолам чу рубоб,
Сӯзам чу кабоб,
Нолам чу рубоб,
Бечора дилам,
Маст аст бе шароб,
Эй бечора дилам,
Маст аст бе шароб ҳайи.
Баракаллоҳ!
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ.
Паси хона гул бута,
Мурғобӣ мезад ғӯта,
Зулфонаш тӯда-тӯда,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ширин тут мечинад,
Бо нӯки панҷа чинад,
Бо чашмонаш бубинад,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ту бонуи ман банда,
Ту хушрӯи ман ганда,
Дар пеши ту шарманда,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ.
Духтари дурдона,
Дилма кардӣ девона,
Зулфот мекунам шона,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ,
Ширин ту зинда бошӣ.
Ҳеееееййй...
Эй қабула!
Ширин ту зинда бошӣ!
Sing karaoke
Sing Бадахшон зодгоҳи ман by Хилоли Назарамон as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.