Lyrics
Ин ҷисми фасурда меравам аз дунё
Бар хок супурда меравам аз дунё
Дар нози лаби ёри нахустин ҳамагон
Як бӯса нобурда меравам аз дунё
Дук-дук бизанад, бам-бук бизанад
Дар дард занад-о, балое
Дар дард занад-о!
Гар ёр маро ба худ раво донад, бас
Бегона надонад, ошно донад, бас
Розест миёни ману ӯ, маҳрам нест
Ман донаму ӯ, дигар Худо донад, бас
Дук-дук бизанад, бам-бук бизанад
Дар дард занад-о, балое
Дар дард занад-о!
Вайрона шудам, биёву ободам кун
Дилмурда шудам, биёву дилшодам кун
Фардо зи хаёли шодиву ободӣ
Як зарра раҳо намову озодам кун
Дук-дук бизанад, бам-бук бизанад
Дар дард занад-о, балое
Дар дард занад-о!
Sing karaoke
Sing Дук-дук мезанат by Юлдуз Усмонова as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.