Lyrics
Мусиқӣ нуқтаи тҷ тақдим мекунад
Меравӣ ту аз назари ман, эй ишқи якто
Меравию мебарӣ ту шодии дилҳо
Ин шабу шабҳои дигар гирям бароят
Дар дилам акси рухат, эй ёри ғамхор
Ахтари ман, толеи ман бошӣ саломат
Ҳамраҳи хуршеди саҳар монӣ ба дунё
Дӯстам бидор, дӯстам бидор эй ёри гумроҳи ман
Танҳо намон, танҳо намон дар кунҷи танҳоиям
Танҳо марав, бо худ бубар ёде зи ишқи нобарор
Аз ман марав, аз ман марав эй бахти пайдо, бахти пайдо
Аз бароям банда кардӣ нимаи дунё
Ҳамчу Маҷнун гаштӣ ошиқ бар мани Лайло
Ваъдаҳоят холӣ буданду хаёлу хом
Ман ки раҳгум гаштаму бар ту шудам шайдо
Ёри бепарвои ман, бошӣ саломат
Баъди ту дар боғи қалбам рӯяд гули ғамҳо
Дӯстам бидор, дӯстам бидор эй ёри гумроҳи ман
Танҳо намон, танҳо намон дар кунҷи танҳоиям
Танҳо марав, бо худ бубар ёде зи ишқи нобарор
Аз ман марав, аз ман марав эй бахти пайдо, бахти пайдо
Ахтари ман, толеи ман бошӣ саломат
Ҳамраҳи хуршеди саҳар монӣ ба дунё
Дӯстам бидор, дӯстам бидор эй ёри гумроҳи ман
Танҳо намон, танҳо намон дар кунҷи танҳоиям
Танҳо марав, бо худ бубар ёде зи ишқи нобарор
Аз ман марав, аз ман марав эй бахти пайдо, бахти пайдо
Sing karaoke
Sing Ишк by Парвина Шукруллоева as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.