Free, full song, no sign-up
Lyrics
Худовандо бигӯ бар ӯ
Маро аз ҷаннати ишқаш ба нори ғам накӯчонад
Фақат як дил ба ман додӣ бигӯ ҳоло
Дили манро наранҷонад
Дили манро намиронад
Зи дасти гармии тансӯзаш бигир он сӯзани андӯҳ
Намон дар пайкари ишқаш либоси марг дӯзонад
Намон дар пайкари ишқаш духони ғам фурӯзонад
Худовандо бигӯ бар ӯ
Маро аз ҷаннати ишқаш ба нори ғам накӯчонад
Фақат як дил ба ман додӣ бигӯ ҳоло
Дили манро наранҷонад
Дили манро намиронад
Худовандо бигӯ бар ӯ
Бифаҳмонаш ки ҳамтақдири ман монад
Сурӯше дар ҳавои хонаи дилгири ман монад
Садое дар сукути ман сабоҳе то ғуруби ман
Ҳамин дилдодаву дилдори хуби ман
Ҳамин як ояти тафсири ман монад
Худовандо бигӯ бар ӯ
Маро аз ҷаннати ишқаш ба нори ғам накӯчонад
Фақат як дил ба ман додӣ бигӯ ҳоло
Дили манро наранҷонад
Дили манро намиронад
Sing karaoke
Sing Jannati Ishq by Mehrnigori Rustam as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.