Lyrics
Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Ранҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,
Шишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?
Тарки чаман карду рафт булбули шуридаам,
Шавқ зи дил шуд бурун мурғи саҳархон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Пештар ин синаро як дили девона буд,
Ёр зи пешам бирафт он дили бирён куҷост?
Ишқу муҳаббат шудаст қадр ба як симу зар,
Ёр харидори ишқ ошиқи сарсон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Шуд дигар олам кунун аз чӣ надонам вале,
Мардиву мардонаги дар бари мардон куҷост?
Дар талаби рӯи дӯст пухта шуд армони дил,
То ба ҳам оем боз ҷамъи рафиқон куҷост?
Ранҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,
Шишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?
Ранҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,
Шишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?
Мардиву мардонаги дар бари мардон куҷост?
То ба ҳам оем боз ҷамъи рафиқон куҷост?
Sing karaoke
Sing Khotiram by Khayom Khayolbekov as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.