MADDO

Маддо 2 - Алиакбар

MADDO

MADDO3:46
Classical Folk Maddo Ethnic

Free, full song, no sign-up

Lyrics

AI transcript

Садои бенавое то ба гӯши бенаво расад

Аз камтарин сагонатон ҳаме

Ё Алӣ мадад

Э-э-э-э...

Ай ошиқон, ай ошиқон

Ман талхро ширин кунам

Ман кӯри модарзодро

Дар як нафас ҳақбин кунам

Омад омадам ай сайидам

Баҳри наҷоти мардумон

Ман зинда созам мурдаро

Он гаҳ накӯ оин кунам

Ман соқие бас муқбилам

Ман сабзаи рӯи гилам

Бо Хусраву Фарҳодро

Дар як нафас Ширин кунам

Дар фитнаи дунё бидам

Зуннорро бибридаям

Ман мӯъмини садсоларо

Дар як нафас бедин кунам

Аз соҳили дарёи ғам

Ҳар як-якеро баркашам

Созам дилашро чун садаф

Он гоҳ гуҳарогин кунам

Ман аввал сарашро барканам

Дар пойи оташ афканам

Охир варо хокистарро

Бо хусравон тамкин кунам

Ман доруи ҳар дардаям

Дармонгари ҳар хастаям

Сад оҳи оташборро

Бо ишқи шаҳ таскин кунам

Э-э-э-э...

More by MADDO

All songs

Similar Tracks

MADDO
18:10
Уз боварум

Уз боварум

Лидуш Хабиб

3:52
Нозум Помирте
4:23