Lyrics
Ман тарки ишқи шоҳиди соғар намекунам,
Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.
Боғи биҳишту сояи тубиву қасри ҳур,
Бо хоки кӯи дӯст баробар намекунам.
Талқину дарси аҳли назар як ишорат аст,
Гуфтам киноятеву мукаррар намекунам.
Ҳаргиз намешавад зи сари худ хабар маро,
То дар миёни майкада сар бар намекунам.
Носеҳ ба таъна гуфт, ки рав тарки ишқ кун,
Муҳтоҷи ҷанги нест бародар намекунам.
Ин тақвиям тамом, ки бо шоҳидони шаҳ,
Нозу карашма бар сари минбар намекунам.
Ман тарки ишқи шоҳиди соғар намекунам,
Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.
Боғи биҳишту сояи тубиву қасри ҳур,
Бо хоки кӯи дӯст баробар намекунам.
Ҳофиз ҷаноби пири муғон ҷои давлат аст,
Ман тарки хоки бӯсии ин дар намекунам.
Sing karaoke
Sing Намекунам by Шавкат Фирогатов as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.