Free, full song, no sign-up
Lyrics
Ҷодаҳо пур одаманд
Ҳама дар бари ҳаманд
Вале ман ба бекасӣ ба нокуҷо равонам
Ҷодаҳо сабзу баҳор
Дасти ёр ба дасти ёр
Вале ман ба дасти ғам сарам ба рӯи шона
Хеле хастаам зи дасти одамон
Вале замин чӣ сахту сард, чӣ сон баланд осмон
Хуб намешавад захми ҷафо намонда дар
Рӯи ҷаҳон нақши умеду вафо
Меравам ба нокуҷо, оҳ, эй Худо, оҳ, эй Худо
Аз паноҳи меҳри худ фақат макун маро ҷудо
Меравам ба нокуҷо, оҳ, эй Худо, оҳ, эй Худо
Аз паноҳи меҳри худ фақат макун маро ҷудо
Ҷодаҳо пур одаманд
Ҳама дар бари ҳаманд
Вале ман ба бекасӣ ба нокуҷо равонам
Ҷодаҳо сабзу баҳор
Дасти ёр ба дасти ёр
Вале ман ба дасти ғам сарам ба рӯи шона
Ҷодаҳо пур одаманд
Ҳама дар бари ҳаманд
Вале ман ба бекасӣ ба нокуҷо равонам
Ҷодаҳо сабзу баҳор
Дасти ёр ба дасти ёр
Вале ман ба дасти ғам сарам ба рӯи шона
Ҳеҷ гаҳ дарё мавҷашро тарк намекунад
Реша ҳам ҳеҷ гоҳ дарахтро тарк намекунад
Моҳтоб ахтаронро ва хуршед осмонро
Шеър шоирро тарк намекунад, гул боғро
Фақат одам аст, ки одамро тарк мекунад
Sing karaoke
Sing Nokujo by Mehrnigori Rustam as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.