Матни суруд
Дар сина ғаме дорам
Дар дил аламе дорам
Ранҷу ситаме дорам —
Ту хандакунон магзар
Ту хандакунон магзар
Бе ранҷу сафо мемирам
Аз ҷабру ҷафо мемирам
Бе аҳду вафо мемирам —
Ту хандакунон магзар
Чун мавҷ ба соҳили дилам рехтай
Ҳамчун лола ба дил доғи дилам рехтай
Сармаст шуда, ҷони афсурда…
Дар рӯзи сиёҳи ман
Чун сӯзи нигоҳи ман
Дар нолаву оҳи ман —
Ту хандакунон магзар
Бар ҳоли парешонам
Бар дидаи гирёнам
Бар ҳар чӣ ки кам дорам —
Ту хандакунон магзар
Ту хандакунон магзар
Чун мавҷ ба соҳили дилам рехтай
Ҳамчун лола ба дил доғи дилам рехтай
Сармаст шуда, ҷони афсурда…
Чун мавҷ ба соҳили дилам рехтай
Ҳамчун лола ба дил доғи дилам рехтай
Сармаст шуда, ҷони афсурда…
Караоке
Караоке «Аламе дил» аз Юлдуз Усмонова дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.