Матни суруд
У нав дида дошт неки натонист гап зада
Рози шидак ба тӯй гиря када ҳиққак зада
Падар розигӣ дод, модар розигӣ дод
Ай дур нигоҳ када ба дил гуфтак қиёмат дидод
Фиғони дуруни дилша намешунава ягон кас
Ҷона канда як бадан метиян дар дига даст
Як мижа заданда тӯй музика ёр-ёр
У парада гиряи як ошиқай зор-зор
Дар бари дига нафар дили нохоҳ мерава
Ба либоси сап-сафед бахти сиёҳ мерава
Ҳама хурсанду у ба оҳу воҳ мерава
И моли дига мардай баъди никоҳ мерава
На пойандоз мефора, на дига ноз мефора
На дига чочалаву на пешвоз мефора
Дили вайрон дора, пури алам дора
Арусак таги фаранҷӣ да чашмои нам дора
Хонаи пури дард и да ранги қафасай
Оғуши дига мард и да ҳолям ҳавасай
Бӯи мӯйҳои зард машоми дига касдай
Тани маҳини у шабо дига дастдай
Орзуҳоша қурбони сарбаландии падар кад
Оғуши нахосташа тоқат хотири модар кад
У ёра ки сидқан дусташ медошт паси сар кад
Таваккал ба Худо гуфту ҳаёти нава сар кад
Руфту рӯб пухту паз шустушӯ рӯзу шаб
Ғайбати очаи шуш да гӯш гиря мекад ҳар шаб
Илтимос хапа қап обрӯи падар модарай
Ту бояд тони барои ки духтари басабрӣ
Камбудӣ гушнагӣ сабр бе либосӣ тилло сабр
Ҷангу ҷанҷолда сабр ҳомиладор корай сабр
Дод мезанан сабр шапалоқ мезанан сабр
Хушдоман пеши бачаш ғайбаташ мекна сабр
Чӣ чизе омад ба сараш зӯраш ба ҳамаш расид
Вақте хиёнати шуша дид бад дилакаш кафид
Гуфт ки и нони хурдан надоштма сабр кадум
Гарчи дӯсташ намедоштум ҳар гапша қадр кадум
Ба касе мемурдагӣ баром ура паси сарум кадум
Ҳаётера намехостум қати и сар кадум
Зада ҳақоратум кад ба ҳамаш кадум тоқат
Неки зӯри духтарак намераса ба хиёнат
Рашк чизе ҳаст зана ба мурдан қариб мекна
Рашк чизе ҳаст зана ай дарун маъюб мекна
Рашк зана ай шаҳри хушбахтӣ ғариб мекна
Рашк рашк рашк маъюб мекна
Як сумкаву ду се либос қати падар дар тамос
Ё қабулум кнен ё мурдама гирен таги мост
Падар мекад илтимос духтарак ба гиря гӯш кад
Рӯи гапҳои падара да телефон хомӯш кад
Караоке
Караоке «Бахти Сиёх» аз Shon MC дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.