Матни суруд
Бигӯ сабзақадат манам ёре,
Хуморчашмакат манам ҷоне.
Бигӯ сабзақадат манам ёре,
Хуморчашмакат манам ҷоне.
Э қадди ту ба сарви ҷилвагар мемонаде сабзат,
Э рӯи ту ба кулчаи қамар мемонаде сабзат.
Э ҳар кас, ки ба болини ту сар мемонаде сабзат,
Э бо нозу карашма майити дар мемонаде сабзат.
Бигӯ сабзақадат манам ёре,
Хуморчашмакат манам ҷоне.
Бигӯ сабзақадат манам ёре,
Хуморчашмакат манам ҷоне.
Э аз болои бом назар ба паст андозӣ сабзат,
Э бар гардани зебои ту даст андозаме сабзат.
Э бар гардани зебои ту дастам нарасад сабзат,
Э худ мана ту бевафо чӣ бадном созаме сабзат.
Бигӯ сабзақадат манам ёре,
Хуморчашмакат манам ҷоне.
Бигӯ сабзақадат манам ёре,
Хуморчашмакат манам ҷоне.
Гоҳ-гоҳ маст хуморам бошӣ,
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Гоҳ-гоҳ маст хуморам бошӣ,
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Гоҳ-гоҳ маст хуморам бошӣ,
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Кӯртат кимхоб чодар гуланор,
Абрӯ пайваста чашмон пурхумор.
Орзу дорам туро гирам канор,
Дар канорам гар ту ёрам бошӣ.
Дар канорам гар ту ёрам бошӣ.
Гоҳ-гоҳ маст хуморам бошӣ,
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Гоҳ-гоҳ маст хуморам бошӣ,
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Гоҳ-гоҳ маст хуморам бошӣ,
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Дастаи гул дар канорам бошӣ.
Сари кӯи баланд буд хонаи ман,
Лола-лола гули лола.
Фалак тире зада бар шонаи ман,
Лола-лола гули лола.
Фалак тире зада пайкона дорад,
Лола-лола гули лола.
Ба ҳасрат пур шуда паймонаи ман,
Лола-лола гули лола.
Ба ҳасрат пур шуда паймонаи ман,
Лола-лола гули лола.
Гули лола гули гул,
Гули лола гули гул.
Сари кӯча бирафтам нола кардам,
Гули лола гули гул,
Гули лола гули гул,
Гули лола гули гул.
Назар бар ҳавлии ҷонона кардам,
Гули лола гули гул,
Гули лола гули гул,
Гули лола гули гул,
Гули лола гули гул.
Назар кардам надидам ёри худро,
Лола-лола гули лола.
Гиребон то ба доман пора кардам,
Лола-лола гули лола.
Гиребон то ба доман пора кардам,
Лола-лола гули лола,
Лола-лола гули лола,
Лола-лола гули лола.
Э ошиқон, э ошиқон,
Девонаам, девона.
Майҳои хуби ишқро,
Паймонаам, паймона.
Майҳои хуби ишқро,
Паймонаам, паймона.
Дар синаам рӯзу шабон,
Мастию шӯрасту фиғон.
Дар синаам рӯзу шабон,
Мастию шӯрасту фиғон.
Гӯйӣ ки дар рӯи ҷаҳон,
Майхонаам, майхона.
Гӯйӣ ки дар рӯи ҷаҳон,
Майхонаам, майхона.
Аз ишқат ҷон маҷнун шавам,
Ғарқа миёни хун шавам.
Аз ишқат ҷон маҷнун шавам,
Ғарқа миёни хун шавам.
Бар оқиле к-ӯ бишнавад,
Афсонаам, афсона.
Бар оқиле к-ӯ бишнавад,
Афсонаам, афсона.
Э ошиқон, э ошиқон,
Девонаам, девона.
Майҳои хуби ишқро,
Паймонаам, паймона.
Майҳои хуби ишқро,
Паймонаам, паймона.
Паймонаам, паймона.
Паймонаам...
Караоке
Караоке «Бигу сабзакат манам ёре» аз Ансамбли Бадахшон дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.