Матни суруд
Дидори ёри ширин бинам ё набинам
Бинам ё набинам
Гулҳои бӯса аз лаб чинам ё начинам
Чинам ё начинам
Оо, гулҳои бӯса аз лаб чинам ё начинам
Чинам ё начинам
Ба ёди ёри ширин монам ё намонам
Ба ёди ёри ширин монам ё намонам
Як лаҳза дар канораш шинам ё нашинам
Шинам ё нашинам
Оо, як лаҳза дар канораш шинам ё нашинам
Шинам ё нашинам
Мо булбулем дар боғ, гулбоғи мост пурдоғ
Мо булбулем дар боғ, гулбоғи мост пурдоғ
Девонаему ошиқ хонем ё нахонем
Хонем ё нахонем
Оо, девонаему ошиқ хонем ё нахонем
Хонем ё нахонем
Ҳе бале!
Оо, дидори ёри ширин бинам ё набинам
Бинам ё набинам
Гулҳои бӯса аз лаб чинам ё начинам
Чинам ё начинам
Оо, гулҳои бӯса аз лаб чинам ё начинам
Чинам ё начинам
Бинам ё набинам, чинам ё начинам
Ҳе, саро биравам ба диданат эй дилбар
Бинам гули бӯса чиданат эй дилбар
Ҳе, бинам гули бӯса чиданат эй дилбар
Ту сарсари пушта медавӣ чи зебост
Ту сарсари пушта медавӣ чи зебост
Рақсидану ҳам ҷаҳиданат эй дилбар
Ҳе, рақсидану ҳам ҷаҳиданат эй дилбар
Дил додаму аз ту ман фақат мехоҳам
Дил додаму аз ту ман фақат мехоҳам
Бар қадри дилам расиданат эй дилбар
Ҳе, бар қадри дилам расиданат эй дилбар
Аз ман бигурезӣ баҳри чӣ буто ҷон
Аз ман бигурезӣ баҳри чӣ буто ҷон
Ҳеей!
Ҳе, чун оҳуи кӯҳ рамиданат эй дилбар
Чун оҳуи кӯҳ рамиданат эй дилбар
Саро биравам ба диданат эй дилбар
Бинам гули бӯса чиданат эй дилбар
Ҳе, бинам гули бӯса чиданат эй дилбар
Бинам гули бӯса чиданат эй дилбар
Караоке
Караоке «Дидоре ёр ширин» аз Gebali Khudoberdi дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.