Матни суруд
Духтари сабзахати кӯҳистон
То баҳориву баҳор аз ту бувад
Бо сари сабз ба ҳар ҷо биравӣ
Раҳ ба раҳ сабза қатор аз ту бувад
Бо сари сабз ба ҳар ҷо биравӣ
Раҳ ба раҳ сабза қатор аз ту бувад
Духтари сабзахати кӯҳистон
То баҳориву баҳор аз ту бувад
Бо сари сабз ба ҳар ҷо биравӣ
Раҳ ба раҳ сабза қатор аз ту бувад
Нафаси ту нафаси субҳи баҳор
Покият шабнами вақти саҳар аст
Ҳама олам шунавад шарфаи пот
Олам аз омаданат бохабар аст
Ҳеее
Ту баҳориву саропот баҳор
Набзи наврӯз зи набзи ту бувад
Ин ҳама сабзии айёми баҳор
Шояд аз дидани сабзи ту бувад
Ҳеее
Духтари сабзахати кӯҳистон
То баҳориву баҳор аз ту бувад
Бо сари сабз ба ҳар ҷо биравӣ
Раҳ ба раҳ сабза қатор аз ту бувад
Бо сари сабз ба ҳар ҷо биравӣ
Раҳ ба раҳ сабза қатор аз ту бувад
Аййй
Ҳейй
Караоке
Караоке «Духтари кухистон» аз Акмал Ошурмамадов дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.