---
title: "«Эй дил» — Шавкат Фирогатов: матни суруд ва караоке | Echo"
description: "Эй дил аз Шавкат Фирогатов: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Чибуд ки парвоз. Ройгон дар Echo."
canonical_url: "https://echo.tj/tg/tracks/ei-dil-69231"
locale: tg
meta:
  "og:description": "Эй дил аз Шавкат Фирогатов: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Чибуд ки парвоз. Ройгон дар Echo."
  "og:image": "https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,height=630,fit=cover,format=auto,quality=85/https://images.echo.tj/1181059642212319233/Cibud-ki-parvoz-Compilation-album.png"
  "og:image:height": "630"
  "og:image:width": "1200"
  "og:title": "«Эй дил» — Шавкат Фирогатов: матни суруд ва караоке"
  "twitter:description": "Эй дил аз Шавкат Фирогатов: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Чибуд ки парвоз. Ройгон дар Echo."
  "twitter:image": "https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,height=630,fit=cover,format=auto,quality=85/https://images.echo.tj/1181059642212319233/Cibud-ki-parvoz-Compilation-album.png"
  "twitter:title": "«Эй дил» — Шавкат Фирогатов: матни суруд ва караоке"
---

> Index of every page on this site: [llms.txt](https://echo.tj/llms.txt)

![Чибуд ки парвоз]()

# **Эй дил**

[Шавкат Фирогатов](https://echo.tj/tg/artists/shavkat-firogatov)

[Чибуд ки парвоз](https://echo.tj/tg/albums/chibud-ki-parvoz)4:45

Поп Рок

Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ

## **Матни суруд**

*Матн аз ҷониби AI*

Дидор шуд муяссару бӯса канори ҳам,

Аз бахт шукр дорам, аз рӯзгори ҳам.

Дидор шуд муяссару бӯса канори ҳам,

Аз бахт шукр дорам, аз рӯзгори ҳам.

Зоҳид бирав, ки толеъ агар толеъи ман аст,

Ҷомам ба даст бошаду зулфи нигори ҳам.

Эй дил!

Башорате диҳамат, муҳтасиб намонд,

В-аз май ҷаҳон пур асту буту майгусори ҳам.

Хотир ба дасти тафриқа додан назебагист,

Маҷмӯае бихоҳию суроҳӣ биёр ҳам.

Эй дил!

Бар хокиёни ишқ фишон ҷуръае лабаш,

То хоки лолагун шаваду мушкбори ҳам.

Бар хокиёни ишқ фишон ҷуръае лабаш,

То хоки лолагун шаваду мушкбори ҳам.

Он шуд, ки чашми бад нигарон будӣ аз камин,

Хасм аз миён бирафту сиришк аз канори ҳам.

Эй дил!

Башорате диҳамат, муҳтасиб намонд,

В-аз май ҷаҳон пур асту буту майгусори ҳам.

Хотир ба дасти тафриқа додан назебагист,

Маҷмӯае бихоҳию суроҳӣ биёр ҳам.

Эй дил!

Чун коинот ҷумла ба бӯйи ту зиндаанд,

Эй офтоб соя зи ман бармадори ҳам.

Чун коинот ҷумла ба бӯйи ту зиндаанд,

Эй офтоб соя зи ман бармадори ҳам.

Чун обрӯйи лолаву гул файзи ҳусни туст,

Эй абри лутф бар мани хокӣ бибори ҳам.

Эй дил!

Башорате диҳамат, муҳтасиб намонд,

В-аз май ҷаҳон пур асту буту майгусори ҳам.

Хотир ба дасти тафриқа додан назебагист,

Маҷмӯае бихоҳию суроҳӣ биёр ҳам.

Эй дил!

Эй дил!

Эй дил!

Эй дил!

## **Караоке**

Караоке «Эй дил» аз Шавкат Фирогатов дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.

## **Дигар сурудҳои ҳунарманд**

[**Ҳамаи сурудҳо**](https://echo.tj/tg/artists/shavkat-firogatov)

![Чибуд ки парвоз]()

[Му палеянд](https://echo.tj/tg/tracks/mu-paleiand)

Шавкат Фирогатов

3:49

![Чибуд ки парвоз]()

[Живчат чуд](https://echo.tj/tg/tracks/zivcat-cud)

Шавкат Фирогатов

3:32

![Чибуд ки парвоз]()

[Чибуд ки парвоз](https://echo.tj/tg/tracks/cibud-ki-parvoz)

Шавкат Фирогатов

3:25

![Чибуд ки парвоз]()

[Мехои](https://echo.tj/tg/tracks/mexoi)

Шавкат Фирогатов

3:59

![Чибуд ки парвоз]()

[Омад](https://echo.tj/tg/tracks/omad)

Шавкат Фирогатов

4:02

## **Сурудҳои монанд**

![Бехуд̌м ẋабен]()

[Бехуд̌м ẋабен](https://echo.tj/tg/tracks/bexudm-aben)

Саши Заифи

5:30

![Manam Ghulomi Ali]()

[Гайри нан нист](https://echo.tj/tg/tracks/gairi-nan-nist)

Ямин Давлатбеков

5:56

![Live 1997 1]()

[Juma shanbe](https://echo.tj/tg/tracks/juma-shanbe)

Далер Назаров

5:16

![Пас ку чиз биде̂?]()

[Зинда̄ зиндагу̊не̂](https://echo.tj/tg/tracks/zinda-zindagune)

Саши Заифи

8:15

![Shams collection]()

[Vam khab](https://echo.tj/tg/tracks/vam-khab)

Nobovar Chanorov

3:50

![Зиндаге]()

[Рузе Нур](https://echo.tj/tg/tracks/ruze-nur)

Амриддин Олифтаев

4:59

```json
{"@context":"https://schema.org","@graph":[{"@id":"https://echo.tj/tg#website","@type":"WebSite","name":"Echo","url":"https://echo.tj/tg","translationOfWork":{"@id":"https://echo.tj/#website"}},{"@id":"https://echo.tj/tg/tracks/ei-dil-69231#webpage","@type":"WebPage","description":"Эй дил аз Шавкат Фирогатов: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Чибуд ки парвоз. Ройгон дар Echo.","name":"«Эй дил» — Шавкат Фирогатов: матни суруд ва караоке","url":"https://echo.tj/tg/tracks/ei-dil-69231","isPartOf":{"@id":"https://echo.tj/tg#website"},"potentialAction":[{"@type":"ReadAction","target":["https://echo.tj/tg/tracks/ei-dil-69231"]}]},{"@id":"https://echo.tj/tg/tracks/ei-dil-69231#/schema/music-recording/1","@type":"MusicRecording","description":"Караоке «Эй дил» аз Шавкат Фирогатов дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.","duration":"PT4M45S","keywords":"караоке, ҳамсароӣ, караокеи тоҷикӣ, минус, инструментал, Эй дил караоке, Шавкат Фирогатов караоке","name":"Эй дил","url":"https://echo.tj/tracks/ei-dil-69231","byArtist":{"@type":"MusicGroup","name":"Шавкат Фирогатов","url":"https://echo.tj/artists/shavkat-firogatov"},"image":{"@id":"https://echo.tj/#/schema/image/1"},"inAlbum":{"@type":"MusicAlbum","name":"Чибуд ки парвоз","url":"https://echo.tj/albums/chibud-ki-parvoz"},"lyrics":{"@type":"CreativeWork","text":"Дидор шуд муяссару бӯса канори ҳам,\nАз бахт шукр дорам, аз рӯзгори ҳам.\nДидор шуд муяссару бӯса канори ҳам,\nАз бахт шукр дорам, аз рӯзгори ҳам.\nЗоҳид бирав, ки толеъ агар толеъи ман аст,\nҶомам ба даст бошаду зулфи нигори ҳам.\n\nЭй дил!\nБашорате диҳамат, муҳтасиб намонд,\nВ-аз май ҷаҳон пур асту буту майгусори ҳам.\nХотир ба дасти тафриқа додан назебагист,\nМаҷмӯае бихоҳию суроҳӣ биёр ҳам.\nЭй дил!\n\nБар хокиёни ишқ фишон ҷуръае лабаш,\nТо хоки лолагун шаваду мушкбори ҳам.\nБар хокиёни ишқ фишон ҷуръае лабаш,\nТо хоки лолагун шаваду мушкбори ҳам.\nОн шуд, ки чашми бад нигарон будӣ аз камин,\nХасм аз миён бирафту сиришк аз канори ҳам.\n\nЭй дил!\nБашорате диҳамат, муҳтасиб намонд,\nВ-аз май ҷаҳон пур асту буту майгусори ҳам.\nХотир ба дасти тафриқа додан назебагист,\nМаҷмӯае бихоҳию суроҳӣ биёр ҳам.\nЭй дил!\n\nЧун коинот ҷумла ба бӯйи ту зиндаанд,\nЭй офтоб соя зи ман бармадори ҳам.\nЧун коинот ҷумла ба бӯйи ту зиндаанд,\nЭй офтоб соя зи ман бармадори ҳам.\nЧун обрӯйи лолаву гул файзи ҳусни туст,\nЭй абри лутф бар мани хокӣ бибори ҳам.\n\nЭй дил!\nБашорате диҳамат, муҳтасиб намонд,\nВ-аз май ҷаҳон пур асту буту майгусори ҳам.\nХотир ба дасти тафриқа додан назебагист,\nМаҷмӯае бихоҳию суроҳӣ биёр ҳам.\nЭй дил!\nЭй дил!\nЭй дил!\nЭй дил!"}},{"@id":"https://echo.tj/#/schema/image/1","@type":"ImageObject","contentUrl":"https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,fit=cover,format=auto,quality=90/https://images.echo.tj/1181059642212319233/Cibud-ki-parvoz-Compilation-album.png","inLanguage":"tg","url":"https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,fit=cover,format=auto,quality=90/https://images.echo.tj/1181059642212319233/Cibud-ki-parvoz-Compilation-album.png"}]}
```

## Sitemap

See the full [sitemap](https://echo.tj/sitemap.md) for all pages.
