Матни суруд
Басе рӯзаст надидам нозанинро
Ба роҳ рафтам намебинам заминро
На дил дорам на дилҷӯе дар ин ғам
Магар боди хазон зад ёсаминро
Эй дӯстон, эй дӯстон, дар ошиқӣ афсонаам
Дар ишқи Лайлисурате Маҷнунсифат девонаам
Эй дӯстон, эй дӯстон, дар ошиқӣ афсонаам
Дар ишқи Лайлисурате Маҷнунсифат девонаам
Нависам номае аз бенавоӣ
Бибандам бар пари мурғи ҳавоӣ
Бибар ин нома дасти дилбарам деҳ
Бигӯ сад доду бедод аз ҷудоӣ
Эй дӯстон, эй дӯстон, дар ошиқӣ афсонаам
Дар ишқи Лайлисурате Маҷнунсифат девонаам
Эй дӯстон, эй дӯстон, дар ошиқӣ афсонаам
Дар ишқи Лайлисурате Маҷнунсифат девонаам
Караоке
Караоке «Эй дустон» аз Аброр Назаров дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.