Матни суруд
Ҳе ҳамсояи дасти рости мо зар дорад
Ду духтари қадбаланду қадпаст дорад
Ҳе як духтари майдатар ба ман дил додаст
Ноинсоф дилакам майли калонтар дорад
Ҳе ноинсоф дилакам майли калонтар дорад
Ҳе оҳ тавба ё ҷону танам ғамзадаст
Чашми дарам дар раҳи ту намзадаст
Оҳ дигар бе ту ҷудоӣ басаст
Ин дили бечора даме дамзадаст
Ҳе гар ту биёӣ туро меҳмон кунам
Ҷону дилам пеши ту қурбон кунам
Ҳарчи ки хоҳӣ ту бигӯ он кунам
Ҳе бӯса яке аз лаби ҷонон кунам
Ҳай ту биё, дилбари айёрам
Аз ситамат намебезорам
Номи туро ба дилам дорам
Бо ту будан шаби армонам
Ҳе фикри ту дорам ба сарам эй нигор
Чашмаки ман аз нигаҳат гашт хумор
Бӯсаи бисёр бидеҳ як ду бор
Ҳе ошиқи лабханди лабат ҳей ёр
Ҳай ту биё, дилбари айёрам
Аз ситамат намебезорам
Номи туро ба дилам дорам
Бо ту будан шаби армонам
Дили ман моили ту, дилбари ҷононаи ман
Дили ман моили ту, дилбари ҷононаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Дили ман моили ту, дилбари ҷононаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ҳе зи дидори рухат девона гаштам чӣ кунам
Зи рухсори рухат бегона гаштам чӣ кунам
Биё як лаҳзае бо ҳам нишинем ки ман
Зи гуфтори хушат афсона гаштам чӣ кунам
Дили ман моили ту, дилбари ҷононаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ҳе ду-се рӯз аст ки ёрам нест пайдо ёри ман
Магар моҳӣ шудаст рафтаст ба дарё ёри ман
Бисозам чангаке нӯгаш зи тилло ёри ман
Бигирам ёри худ аз қаъри дарё ёри ман
Дили ман моили ту, дилбари ҷононаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ҳе дили ман моили ту, дилбари ҷононаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Ишқи ман дар дили ту ёраки якдонаи ман
Караоке
Караоке «Jonam» аз Chorshanbe Alovatov дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.