---
title: "«Khotiram» — Khayom Khayolbekov: матни суруд ва караоке | Echo"
description: "Khotiram аз Khayom Khayolbekov: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Khotiram. Ройгон дар Echo."
canonical_url: "https://echo.tj/tg/tracks/khotiram"
locale: tg
meta:
  "og:description": "Khotiram аз Khayom Khayolbekov: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Khotiram. Ройгон дар Echo."
  "og:image": "https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,height=630,fit=cover,format=auto,quality=85/https://images.echo.tj/1170646102439460865/Khotiram-Single-album.png"
  "og:image:height": "630"
  "og:image:width": "1200"
  "og:title": "«Khotiram» — Khayom Khayolbekov: матни суруд ва караоке"
  "twitter:description": "Khotiram аз Khayom Khayolbekov: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Khotiram. Ройгон дар Echo."
  "twitter:image": "https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,height=630,fit=cover,format=auto,quality=85/https://images.echo.tj/1170646102439460865/Khotiram-Single-album.png"
  "twitter:title": "«Khotiram» — Khayom Khayolbekov: матни суруд ва караоке"
---

> Index of every page on this site: [llms.txt](https://echo.tj/llms.txt)

![Khotiram]()

# **Khotiram**

[Khayom Khayolbekov](https://echo.tj/tg/artists/khayom-khayolbekov)

[Khotiram](https://echo.tj/tg/albums/khotiram)4:36

Суруди муаллифӣ

Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ

## **Матни суруд**

Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Ранҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,

Шишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?

Тарки чаман карду рафт булбули шуридаам,

Шавқ зи дил шуд бурун мурғи саҳархон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Пештар ин синаро як дили девона буд,

Ёр зи пешам бирафт он дили бирён куҷост?

Ишқу муҳаббат шудаст қадр ба як симу зар,

Ёр харидори ишқ ошиқи сарсон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Шуд дигар олам кунун аз чӣ надонам вале,

Мардиву мардонаги дар бари мардон куҷост?

Дар талаби рӯи дӯст пухта шуд армони дил,

То ба ҳам оем боз ҷамъи рафиқон куҷост?

Ранҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,

Шишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?

Ранҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,

Шишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Хотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Умр ба поён расид давраву даврон куҷост?

Мардиву мардонаги дар бари мардон куҷост?

То ба ҳам оем боз ҷамъи рафиқон куҷост?

## **Караоке**

Караоке «Khotiram» аз Khayom Khayolbekov дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.

## **Дигар сурудҳои ҳунарманд**

[**Ҳамаи сурудҳо**](https://echo.tj/tg/artists/khayom-khayolbekov)

![Shokhi Gul]()

[Chashmonsiyoh](https://echo.tj/tg/tracks/chashmonsiyoh)

Khayom Khayolbekov

3:35

![Parichehra]()

[Parichehra](https://echo.tj/tg/tracks/parichehra)

Khayom Khayolbekov

4:58

![Shokhi Gul]()

[Shoh muborak bod](https://echo.tj/tg/tracks/shoh-muborak-bod)

Khayom Khayolbekov

3:11

![Shokhi Gul]()

[Ay Sanamo](https://echo.tj/tg/tracks/ay-sanamo)

Khayom Khayolbekov

4:07

![Dilkhun Kadi]()

[Dilkhun Kadi](https://echo.tj/tg/tracks/dilkhun-kadi)

Khayom Khayolbekov

3:46

## **Сурудҳои монанд**

![Yodi Vatan]()

[Yodi Vatan](https://echo.tj/tg/tracks/yodi-vatan-parviz-nazarov)

Parviz Nazarov

4:59

![Mu Khotir]()

[Dargondiyum Viruvj](https://echo.tj/tg/tracks/dargondiyum-viruvj)

Aziz Gulamadshoev

6:12

![Murdta lůven]()

[Murdta lůven](https://echo.tj/tg/tracks/murdta-luven)

Umed Ashrafbekov

4:41

![Пас ку чиз биде̂?]()

[Оẋное̂ сар наздик ат сар д̌ар](https://echo.tj/tg/tracks/onoe-sar-nazdik-at-sar-dar)

Саши Заифи

5:22

![Сон в Саду]()

[Имшаб ёд кардам..](https://echo.tj/tg/tracks/imsab-ed-kardam)

Daler Nazarov

3:13

![Падар]()

[Эхсос](https://echo.tj/tg/tracks/exsos)

Шодруз Рустамзод

3:43

```json
{"@context":"https://schema.org","@graph":[{"@id":"https://echo.tj/tg#website","@type":"WebSite","name":"Echo","url":"https://echo.tj/tg","translationOfWork":{"@id":"https://echo.tj/#website"}},{"@id":"https://echo.tj/tg/tracks/khotiram#webpage","@type":"WebPage","description":"Khotiram аз Khayom Khayolbekov: матни суруд — онлайн гӯш кунед, зеркашӣ намоед ё караоке хонед. Албоми Khotiram. Ройгон дар Echo.","name":"«Khotiram» — Khayom Khayolbekov: матни суруд ва караоке","url":"https://echo.tj/tg/tracks/khotiram","isPartOf":{"@id":"https://echo.tj/tg#website"},"potentialAction":[{"@type":"ReadAction","target":["https://echo.tj/tg/tracks/khotiram"]}]},{"@id":"https://echo.tj/tg/tracks/khotiram#/schema/music-recording/1","@type":"MusicRecording","description":"Караоке «Khotiram» аз Khayom Khayolbekov дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.","duration":"PT4M36S","keywords":"караоке, ҳамсароӣ, караокеи тоҷикӣ, минус, инструментал, Khotiram караоке, Khayom Khayolbekov караоке","name":"Khotiram","url":"https://echo.tj/tracks/khotiram","byArtist":{"@type":"MusicGroup","name":"Khayom Khayolbekov","url":"https://echo.tj/artists/khayom-khayolbekov"},"image":{"@id":"https://echo.tj/#/schema/image/1"},"inAlbum":{"@type":"MusicAlbum","name":"Khotiram","url":"https://echo.tj/albums/khotiram"},"lyrics":{"@type":"CreativeWork","text":"Хотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nХотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\n\nРанҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,\nШишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?\n\nТарки чаман карду рафт булбули шуридаам,\nШавқ зи дил шуд бурун мурғи саҳархон куҷост?\n\nХотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nХотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\n\nПештар ин синаро як дили девона буд,\nЁр зи пешам бирафт он дили бирён куҷост?\nИшқу муҳаббат шудаст қадр ба як симу зар,\nЁр харидори ишқ ошиқи сарсон куҷост?\n\nХотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nХотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\n\nШуд дигар олам кунун аз чӣ надонам вале,\nМардиву мардонаги дар бари мардон куҷост?\n\nДар талаби рӯи дӯст пухта шуд армони дил,\nТо ба ҳам оем боз ҷамъи рафиқон куҷост?\n\nРанҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,\nШишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?\nРанҷу ғами зиндагӣ шишаи айшам шикаст,\nШишаи бишкастаро васлаш осон куҷост?\n\nХотирам озурда шуд маҳфили ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nХотирам озурда шуд маҷлиси ёрон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nУмр ба поён расид давраву даврон куҷост?\nМардиву мардонаги дар бари мардон куҷост?\nТо ба ҳам оем боз ҷамъи рафиқон куҷост?"}},{"@id":"https://echo.tj/#/schema/image/1","@type":"ImageObject","contentUrl":"https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,fit=cover,format=auto,quality=90/https://images.echo.tj/1170646102439460865/Khotiram-Single-album.png","inLanguage":"tg","url":"https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,fit=cover,format=auto,quality=90/https://images.echo.tj/1170646102439460865/Khotiram-Single-album.png"}]}
```

## Sitemap

See the full [sitemap](https://echo.tj/sitemap.md) for all pages.
