MADDO

Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик

MADDO

MADDO6:18
Фолк Маддо Этникӣ

Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ

Матни суруд

Матн аз ҷониби AI

Ҳе...

Боз дар ҷилва даро,

Нағмасаро, уқдакушо,

Тӯтии фикрат ба Худо,

Шамъи бадан, нури наво,

Фикри шараф, зикри Худо,

Гӯй ҳама ҷузъ аз баён,

Гӯй аён, шаҳди наво,

Вирди саҳар, рӯзу шабо,

Аз дилу ҷон

Зикри Худоро...

Ҳе...

Он кариме, ки бувад холиқи ашёи тамом,

Айни таманно, Самаде,

Қодиру бечун, малике,

Воҳиду якто, ҳама ҷо ҳозиру пайдо,

Зи саро то ба Сурайё,

Ҳама ҷо нозиру бино,

Аҳаде, ламязал аст,

Олими бебадал аст,

Ҳокими бемасал аст,

Бояқин бехалал аст,

Он абад аст, он азал аст,

Он ки бувад рӯзи аласт,

Мадҳу тавҳиди Худованд

Куҷо қуввату ёрои шуморо...

Ҳе...

Шуда ҳар нотиқа лолаш,

Нарасад кас ба камолаш,

Набарад раҳ ба ҷалолаш,

Мутафаккир ба висолаш,

Ману шабҳо ба хаёлаш,

Шабу рӯзу маҳу солаш,

Ки Худованд зи қудрат

Маҳу хуршед мунаввар кунаду боз,

Сахо бораду, бод ораду,

Пас сӯе кашад

Чашмаи зеборо...

Ҳе...

Мурғ аз вай сабақ орад,

Пас аз он болу пар орад,

Самар аз ҳар шаҷар орад,

Шаҷар аз ҳар саҳар орад,

Падаре бе писар орад,

Писаре бе падар орад,

Ҳама инҳо ба сар орад,

Шаби зулмат қамар орад,

Бибарад шаб, саҳар орад,

Зи дили най шакар орад,

Ҷавфи дарё гуҳар орад,

Зи баҳр анбари соро...

Ҳе...

Подшоҳе, ки ӯро на шарикест на монанд,

На хеш аст на пайванд,

Карим аст, ки файзи карамаш мерасад аз абри атояш,

Ба гулу хас ҳама ҷо бораду воқиф,

Бувад аз ҳоли дили бесарусомон,

Ҳама ғамзадание, мӯри ҷаҳон,

К-ӯ чи ҳакимаст,

Чу мушфиқу Раҳмон,

Бар ӯ ҷумла аён аст,

Ҳамаро доруву дармон,

Кунаду марҳами дилҳои фигор аст,

Ба ҳар ғамзада ёр аст,

Расонад ба наво

Марҳамати шоҳу гадоро...

Ҳе...

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Ҷони манаст дар танам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Оташи ишқ барфурӯз

Ақли маҷозро бисӯз

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Зулмати шаб чу гашта рӯз

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Пир манам, ҷавон манам

Тир манам, камон манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Давлати ҷовидон манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Ошнои ӯ манам

Маҳви лиқои ӯ манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Ганҷи равони ӯ манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Бози сафеди ӯ манам

Сояи беди ӯ манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Роҳи умеди ӯ манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Шамс манам, қамар манам

Саҷда манам, гуҳар манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Шаҳд манам, шакар манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Арз манам, само манам

Тунд манам, шаҳо манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Шамс даромад аз дар

Карда маро зи худ бадар

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Мегуфт маро зи хайру шар

Ман на манам, на ман манам

Дигар сурудҳои ҳунарманд

Ҳамаи сурудҳо

Сурудҳои монанд

MADDO
18:10
Уз боварум

Зухро

Лидуш Хабиб

3:54
Khuthoy lovam

Mu vatan vid

Bakhtiyor Shukurbekov

4:28