---
title: "«Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик» — MADDO: матни суруд | Echo"
description: "Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик аз MADDO: матни суруд, онлайн ройгон гӯш кунед. Албоми MADDO. Матни пурраро хонед ва аз Echo зеркашӣ намоед."
canonical_url: "https://echo.tj/tg/tracks/maddo-3-iqbol-amad-i-asanso-saidik"
locale: tg
meta:
  "og:description": "Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик аз MADDO: матни суруд, онлайн ройгон гӯш кунед. Албоми MADDO. Матни пурраро хонед ва аз Echo зеркашӣ намоед."
  "og:image": "https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,height=630,fit=cover,format=auto,quality=85/https://images.echo.tj/1184529019794522113/MADDO-Live-album.png"
  "og:image:height": "630"
  "og:image:width": "1200"
  "og:title": "«Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик» — MADDO: матни суруд"
  "twitter:description": "Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик аз MADDO: матни суруд, онлайн ройгон гӯш кунед. Албоми MADDO. Матни пурраро хонед ва аз Echo зеркашӣ намоед."
  "twitter:image": "https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,height=630,fit=cover,format=auto,quality=85/https://images.echo.tj/1184529019794522113/MADDO-Live-album.png"
  "twitter:title": "«Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик» — MADDO: матни суруд"
---

> Index of every page on this site: [llms.txt](https://echo.tj/llms.txt)

![MADDO]()

# **Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик**

[MADDO](https://echo.tj/tg/artists/maddo)

[MADDO](https://echo.tj/tg/albums/maddo)6:18

Фолк Маддо Этникӣ

Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ

## **Матни суруд**

*Матн аз ҷониби AI*

Ҳе...

Боз дар ҷилва даро,

Нағмасаро, уқдакушо,

Тӯтии фикрат ба Худо,

Шамъи бадан, нури наво,

Фикри шараф, зикри Худо,

Гӯй ҳама ҷузъ аз баён,

Гӯй аён, шаҳди наво,

Вирди саҳар, рӯзу шабо,

Аз дилу ҷон

Зикри Худоро...

Ҳе...

Он кариме, ки бувад холиқи ашёи тамом,

Айни таманно, Самаде,

Қодиру бечун, малике,

Воҳиду якто, ҳама ҷо ҳозиру пайдо,

Зи саро то ба Сурайё,

Ҳама ҷо нозиру бино,

Аҳаде, ламязал аст,

Олими бебадал аст,

Ҳокими бемасал аст,

Бояқин бехалал аст,

Он абад аст, он азал аст,

Он ки бувад рӯзи аласт,

Мадҳу тавҳиди Худованд

Куҷо қуввату ёрои шуморо...

Ҳе...

Шуда ҳар нотиқа лолаш,

Нарасад кас ба камолаш,

Набарад раҳ ба ҷалолаш,

Мутафаккир ба висолаш,

Ману шабҳо ба хаёлаш,

Шабу рӯзу маҳу солаш,

Ки Худованд зи қудрат

Маҳу хуршед мунаввар кунаду боз,

Сахо бораду, бод ораду,

Пас сӯе кашад

Чашмаи зеборо...

Ҳе...

Мурғ аз вай сабақ орад,

Пас аз он болу пар орад,

Самар аз ҳар шаҷар орад,

Шаҷар аз ҳар саҳар орад,

Падаре бе писар орад,

Писаре бе падар орад,

Ҳама инҳо ба сар орад,

Шаби зулмат қамар орад,

Бибарад шаб, саҳар орад,

Зи дили най шакар орад,

Ҷавфи дарё гуҳар орад,

Зи баҳр анбари соро...

Ҳе...

Подшоҳе, ки ӯро на шарикест на монанд,

На хеш аст на пайванд,

Карим аст, ки файзи карамаш мерасад аз абри атояш,

Ба гулу хас ҳама ҷо бораду воқиф,

Бувад аз ҳоли дили бесарусомон,

Ҳама ғамзадание, мӯри ҷаҳон,

К-ӯ чи ҳакимаст,

Чу мушфиқу Раҳмон,

Бар ӯ ҷумла аён аст,

Ҳамаро доруву дармон,

Кунаду марҳами дилҳои фигор аст,

Ба ҳар ғамзада ёр аст,

Расонад ба наво

Марҳамати шоҳу гадоро...

Ҳе...

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Ҷони манаст дар танам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Оташи ишқ барфурӯз

Ақли маҷозро бисӯз

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Зулмати шаб чу гашта рӯз

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Пир манам, ҷавон манам

Тир манам, камон манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Давлати ҷовидон манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Ошнои ӯ манам

Маҳви лиқои ӯ манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Ганҷи равони ӯ манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Бози сафеди ӯ манам

Сояи беди ӯ манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Роҳи умеди ӯ манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Шамс манам, қамар манам

Саҷда манам, гуҳар манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Шаҳд манам, шакар манам

Ман на манам, на ман манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Арз манам, само манам

Тунд манам, шаҳо манам

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Шамс даромад аз дар

Карда маро зи худ бадар

Хоҷа бигӯ, ки ман манам

Ман на манам, на ман манам

Мегуфт маро зи хайру шар

Ман на манам, на ман манам

## **Дигар сурудҳои ҳунарманд**

[**Ҳамаи сурудҳо**](https://echo.tj/tg/artists/maddo)

![MADDO]()

[Маддо 2 - Алиакбар](https://echo.tj/tg/tracks/maddo-2-aliakbar)

MADDO

3:46

![MADDO]()

[Маддо 10 - Аҳмади Саидик](https://echo.tj/tg/tracks/maddo-10-amadi-saidik)

MADDO

9:34

![MADDO]()

[Маддо 5](https://echo.tj/tg/tracks/maddo-5)

MADDO

8:05

![MADDO]()

[Маддо 1](https://echo.tj/tg/tracks/maddo-1)

MADDO

7:21

![MADDO]()

[Маддо 6 - Аҳмади Саидик](https://echo.tj/tg/tracks/maddo-6-amadi-saidik)

MADDO

4:53

## **Сурудҳои монанд**

![MADDO]()

[Маддо 4](https://echo.tj/tg/tracks/maddo-4)

MADDO

18:10

![Уз боварум]()

[Зухро](https://echo.tj/tg/tracks/zuxro)

Лидуш Хабиб

3:54

![Khuthoy lovam]()

[Mu vatan vid](https://echo.tj/tg/tracks/mu-vatan-vid)

Bakhtiyor Shukurbekov

4:28

```json
{"@context":"https://schema.org","@graph":[{"@id":"https://echo.tj/tg#website","@type":"WebSite","name":"Echo","url":"https://echo.tj/tg","translationOfWork":{"@id":"https://echo.tj/#website"}},{"@id":"https://echo.tj/tg/tracks/maddo-3-iqbol-amad-i-asanso-saidik#webpage","@type":"WebPage","description":"Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик аз MADDO: матни суруд, онлайн ройгон гӯш кунед. Албоми MADDO. Матни пурраро хонед ва аз Echo зеркашӣ намоед.","name":"«Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик» — MADDO: матни суруд","url":"https://echo.tj/tg/tracks/maddo-3-iqbol-amad-i-asanso-saidik","isPartOf":{"@id":"https://echo.tj/tg#website"},"potentialAction":[{"@type":"ReadAction","target":["https://echo.tj/tg/tracks/maddo-3-iqbol-amad-i-asanso-saidik"]}]},{"@id":"https://echo.tj/tg/tracks/maddo-3-iqbol-amad-i-asanso-saidik#/schema/music-recording/1","@type":"MusicRecording","duration":"PT6M18S","name":"Маддо 3 - Иқбол, Аҳмад и Асаншо Саидик","url":"https://echo.tj/tracks/maddo-3-iqbol-amad-i-asanso-saidik","byArtist":{"@type":"MusicGroup","name":"MADDO","url":"https://echo.tj/artists/maddo"},"image":{"@id":"https://echo.tj/#/schema/image/1"},"inAlbum":{"@type":"MusicAlbum","name":"MADDO","url":"https://echo.tj/albums/maddo"},"lyrics":{"@type":"CreativeWork","text":"Ҳе...\nБоз дар ҷилва даро,\nНағмасаро, уқдакушо,\nТӯтии фикрат ба Худо,\nШамъи бадан, нури наво,\nФикри шараф, зикри Худо,\nГӯй ҳама ҷузъ аз баён,\nГӯй аён, шаҳди наво,\nВирди саҳар, рӯзу шабо,\nАз дилу ҷон\nЗикри Худоро...\nҲе...\n\nОн кариме, ки бувад холиқи ашёи тамом,\nАйни таманно, Самаде,\nҚодиру бечун, малике,\nВоҳиду якто, ҳама ҷо ҳозиру пайдо,\nЗи саро то ба Сурайё,\nҲама ҷо нозиру бино,\nАҳаде, ламязал аст,\nОлими бебадал аст,\nҲокими бемасал аст,\nБояқин бехалал аст,\nОн абад аст, он азал аст,\nОн ки бувад рӯзи аласт,\nМадҳу тавҳиди Худованд\nКуҷо қуввату ёрои шуморо...\nҲе...\n\nШуда ҳар нотиқа лолаш,\nНарасад кас ба камолаш,\nНабарад раҳ ба ҷалолаш,\nМутафаккир ба висолаш,\nМану шабҳо ба хаёлаш,\nШабу рӯзу маҳу солаш,\nКи Худованд зи қудрат\nМаҳу хуршед мунаввар кунаду боз,\nСахо бораду, бод ораду,\nПас сӯе кашад\nЧашмаи зеборо...\nҲе...\n\nМурғ аз вай сабақ орад,\nПас аз он болу пар орад,\nСамар аз ҳар шаҷар орад,\nШаҷар аз ҳар саҳар орад,\nПадаре бе писар орад,\nПисаре бе падар орад,\nҲама инҳо ба сар орад,\nШаби зулмат қамар орад,\nБибарад шаб, саҳар орад,\nЗи дили най шакар орад,\nҶавфи дарё гуҳар орад,\nЗи баҳр анбари соро...\nҲе...\n\nПодшоҳе, ки ӯро на шарикест на монанд,\nНа хеш аст на пайванд,\nКарим аст, ки файзи карамаш мерасад аз абри атояш,\nБа гулу хас ҳама ҷо бораду воқиф,\nБувад аз ҳоли дили бесарусомон,\nҲама ғамзадание, мӯри ҷаҳон,\nК-ӯ чи ҳакимаст,\nЧу мушфиқу Раҳмон,\nБар ӯ ҷумла аён аст,\nҲамаро доруву дармон,\nКунаду марҳами дилҳои фигор аст,\nБа ҳар ғамзада ёр аст,\nРасонад ба наво\nМарҳамати шоҳу гадоро...\nҲе...\n\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nҶони манаст дар танам\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nОташи ишқ барфурӯз\nАқли маҷозро бисӯз\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nЗулмати шаб чу гашта рӯз\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nПир манам, ҷавон манам\nТир манам, камон манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nДавлати ҷовидон манам\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nОшнои ӯ манам\nМаҳви лиқои ӯ манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nГанҷи равони ӯ манам\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nБози сафеди ӯ манам\nСояи беди ӯ манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nРоҳи умеди ӯ манам\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nШамс манам, қамар манам\nСаҷда манам, гуҳар манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nШаҳд манам, шакар манам\nМан на манам, на ман манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nАрз манам, само манам\nТунд манам, шаҳо манам\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nШамс даромад аз дар\nКарда маро зи худ бадар\nХоҷа бигӯ, ки ман манам\nМан на манам, на ман манам\n\nМегуфт маро зи хайру шар\nМан на манам, на ман манам"}},{"@id":"https://echo.tj/#/schema/image/1","@type":"ImageObject","contentUrl":"https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,fit=cover,format=auto,quality=90/https://images.echo.tj/1184529019794522113/MADDO-Live-album.png","inLanguage":"tg","url":"https://echo.tj/cdn-cgi/image/width=1200,fit=cover,format=auto,quality=90/https://images.echo.tj/1184529019794522113/MADDO-Live-album.png"}]}
```

## Sitemap

See the full [sitemap](https://echo.tj/sitemap.md) for all pages.
