Матни суруд
Интизори метроиву по нишастаӣ
Бо садои ин тарона дил бубастаӣ
Аз ҳуҷуми ғуссае дубора хастаӣ
Вале бирав ба самти нав ғамгин нашав
Оне ки ту хостаӣ дар ин қатора нест
Дар суроғи нолаҳои қалби пора нест
Дар нигоҳи сарди ӯ шӯру шарора нест
Вале бирав ба самти нав ғамгин нашав
Мерасад он экспрессе, ки ту ҳам
Мешавӣ озод аз дарду ғам
Бикушо ба сӯи фардо дар
Бикун бовар
Бикшо пар
Дар дилат ғуссаи ӯро ҷо накун,
ҷо накун,
Де-е-ей, рафт агар заррае ту парво накун,
парво накун,
Де-е-ей, аз чашмат ашки ҳасрат берун наёр,
берун наёр,
Де-е-ей, ёдашро дар сукути хотир супор,
хотир супор,
Де-е-ей
Чашми ту дарёи бовари касе
Тобанда ахтари касе
Ба охири дилвопасӣ
Ту мерасӣ
Чашми ту дарёи бовари касе
Тобанда ахтари касе
Ба охири дилвопасӣ
Е-е-ей
Мерасад он экспрессе, ки ту ҳам
Мешавӣ озод аз дарду ғам
Бикушо ба сӯи фардо дар
Бикун бовар
Бикшо пар
Дар дилат ғуссаи ӯро ҷо накун,
ҷо накун,
Де-е-ей, рафт агар заррае ту парво накун,
парво накун,
Де-е-ей, аз чашмат ашки ҳасрат берун наёр,
берун наёр,
Де-е-ей, ёдашро дар сукути хотир супор,
хотир супор,
Де-е-ей
Караоке
Караоке «METRO» аз Safarmuhammad дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.