Матни суруд
Нашканад,
Нашканад қомати мавзунату ай симинбадан,
Ай бути аҳдшикан.
Нашканад қомати мавзунату ай симинбадан,
Ай бути аҳдшикан.
Гар фикандӣ ба сарам хоки ғарибӣ ба ватан,
Бишунав нолаи ман.
Гар фикандӣ ба сарам хоки ғарибӣ ба ватан,
Бишунав нолаи ман.
Медиҳам даст ба ними нигаҳи масти ту боз,
Менамоям парвоз.
Менамоям парвоз.
Медиҳам даст ба ними нигаҳи масти ту боз,
Менамоям парвоз.
Менамоям парвоз.
Мекунам сайр дар он майкада бо ишваву ноз,
Ҳамчу оҳубача ман.
Мекунам сайр дар он майкада бо ишваву ноз,
Ҳамчу оҳубача ман.
Мезанам даст ба домони ту бо хавфу раҷо,
Бикушо мушкили мо,
Бикушо мушкили мо.
Мезанам даст ба домони ту бо хавфу раҷо,
Бикушо мушкили мо,
Бикушо мушкили мо.
Он чунон гум, дигар,
Он чунон гум бигӯянд азизон бар ман,
Вале чашмат равшан.
Он чунон гум бигӯянд азизон бар ман,
Вале чашмат равшан.
Нашканад,
Нашканад қомати мавзунату ай симинбадан,
Ай бути аҳдшикан.
Нашканад қомати мавзунату ай симинбадан,
Ай бути аҳдшикан.
Гар фикандӣ ба сарам хоки ғарибӣ ба ватан,
Бишунав нолаи ман.
Гар фикандӣ ба сарам хоки ғарибӣ ба ватан,
Бишунав нолаи ман.
Караоке
Караоке «Нашканад» аз Далер Мирзошо дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.