Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ
Матни суруд
Накун сӯям нигоҳе ба вақти хайрбодам,
Дареғи ишқи зебо, туро аз даст додам.
Кунун аз ман халосӣ, шиноси ношиносӣ.
Бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ, ҳама дунё ба комат,
Паноҳат бар Худо бод, аз ин ҷо то қиёмат.
Кунун аз ман халосӣ, шиноси ношиносӣ.
Ишқи мо хаёлӣ буд,
Ҳисси пучу холӣ буд,
Қиссаи хаёлӣ буд, афсӯс, афсӯс.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам бе ту бимонам то абад.
Замони рафтани ту дилам дарёи ғам буд,
Ба фикрат ин ҳама ғам ба як дил боз кам буд.
Замони рафтани ту шафақҳо кӯч бастанд,
Дарахтони хиёбон канори ҳам шикастанд.
Ишқи мо хаёлӣ буд,
Ҳисси пучу холӣ буд,
Қиссаи хаёлӣ буд, афсӯс, афсӯс.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам бе ту бимонам то абад.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам бе ту бимонам то абад.
Караоке
Караоке «Natonistam» аз Mehrnigori Rustam дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.