Матни суруд
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ин қади баланд ба ту мезебад-е,
Мисли кабӯтар бишин, парвоз кун.
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ин қади баланд ба ту мезебад-е,
Мисли кабӯтар бишин, парвоз кун.
Ноз куҷо, ноз...
Чашми хумори ту дилам мебарад,
Рӯи баҳори ту дилам мебарад,
Бӯи канори ту дилам мебарад.
Бар дили зорам ту биё, роз кун,
Бар дили зорам ту биё, роз кун.
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ин қади баланд ба ту мезебад-е,
Мисли кабӯтар бишин, парвоз кун.
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ин қади баланд ба ту мезебад-е,
Мисли кабӯтар бишин, парвоз кун.
Ноз куҷо, ноз...
Ман зи ғами ишқи ту бегонаам,
Дарбадару ошиқи девонаам,
Ошиқи бечораву бехонаам.
Дидаи бехоби маро боз кун,
Дидаи бехоби маро боз кун.
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ин қади баланд ба ту мезебад-е,
Мисли кабӯтар бишин, парвоз кун.
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ин қади баланд ба ту мезебад-е,
Мисли кабӯтар бишин, парвоз кун.
Ноз куҷо, ноз,
Ала, ноз кун, гул бичин дар пеш, пойандоз кун,
Ноз куҷо, ноз...
Караоке
Караоке «Noz Kun» аз Madina Aknazarova дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.