Матни суруд
Эй ҳама шакли ту матбӯъу ҳама ҷои ту хуш
Дилам аз ишқи ширини шакархои ту хуш
Ҳамчу гулбарг тароват ба вуҷуди ту латиф
Ҳамчу сарви чамани ноз саропои ту хуш
Шеваи нози ту ширин, хату холи ту малеҳ
Чашму абрӯи ту зебо, қаду болои ту хуш
Ҳам гулистони хаёлам зи ту пурнақшу нигор
Ҳам машоми дилам аз зулфи сумансои ту хуш
Дар раҳи ишқ, ки аз сели бало нест гузор
Кардаам хотири худро ба таманнои ту хуш
Шукри чашми ту чӣ гӯям, ки бидон беморӣ
Мекунад дарди маро аз рухи зебои ту хуш
Дар биёбони талаб гарчи зи ҳар сӯ хатарест
Меравад Ҳофизи бедил ба таваллои ту хуш
Меравад Ҳофизи бедил ба таваллои ту хуш
Шеваи нози ту ширин, хату холи ту малеҳ
Чашму абрӯи ту зебо, қаду болои ту хуш
Ҳам гулистони хаёлам зи ту пурнақшу нигор
Ҳам машоми дилам аз зулфи сумансои ту хуш
Дар раҳи ишқ, ки аз сели бало нест гузор
Кардаам хотири худро ба таманнои ту хуш
Шукри чашми ту чӣ гӯям, ки бидон беморӣ
Мекунад дарди маро аз рухи зебои ту хуш
Дар биёбони талаб гарчи зи ҳар сӯ хатарест
Меравад Ҳофизи бедил ба таваллои ту хуш
Меравад Ҳофизи бедил
Ба таваллои ту хуш
Караоке
Караоке «Нози ту ширин» аз Некруз Ниёзов дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.