Матни суруд
Таманноӣ, тасаллоӣ,
Ба дил уммеди фардоӣ.
Ман аз ҳиҷрони ту сӯхтам,
Чаро боре намеоӣ?
Таманноӣ, тасаллоӣ,
Ба дил уммеди фардоӣ.
Ман аз ҳиҷрони ту сӯхтам,
Чаро боре намеоӣ?
Навое, на савдое,
Зи сӯйи ту на парвое.
Чӣ дунёе, чӣ рӯёе,
Дилам бе ту чӣ танҳое.
Навое, на савдое,
Зи сӯйи ту на парвое.
Чӣ дунёе, чӣ рӯёе,
Дилам бе ту чӣ танҳое.
Нигоҳам кун, саропоям
Зи дидори ту меларзад.
Ки шояд боз хоҳӣ рафт,
Марав охир, намеарзад.
Нигоҳам кун, саропоям
Зи дидори ту меларзад.
Ки шояд боз хоҳӣ рафт,
Марав охир, намеарзад.
Дилам бемори раҳпоӣ,
Зи ту дармон мехоҳам.
Барои набзи қалбам ёр,
Туро чун ҷон мехоҳам.
Таманноӣ, тасаллоӣ,
Ба дил уммеди фардоӣ.
Ман аз ҳиҷрони ту сӯхтам,
Чаро боре намеоӣ?
Таманноӣ, тасаллоӣ,
Ба дил уммеди фардоӣ.
Ман аз ҳиҷрони ту сӯхтам,
Чаро боре намеоӣ?
Навое, на савдое,
Зи сӯйи ту на парвое.
Чӣ дунёе, чӣ рӯёе,
Дилам бе ту чӣ танҳое.
Навое, на савдое,
Зи сӯйи ту на парвое.
Чӣ дунёе, чӣ рӯёе,
Дилам бе ту чӣ танҳое.
Караоке
Караоке «Ovo» аз Mehrnigori Rustam дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.