Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ
Матни суруд
Парандаҳои само,
Ай барандагони сафо,
Ман ошиёни шумоям,
Дил ошиёни шумо.
Таронаҳои маро,
То каронаҳо бибаред,
Аз остони ато,
То ба осмони Худо.
Шумо сафири манеду куҷо сафир занед,
Ки ман нафир занам дар замини тани танҳо.
Шумо сафири манеду куҷо сафир занед,
Ки ман нафир занам дар замини тани танҳо.
Сафинаи аламам шуд, сафинаи ғазалам,
Хазинаи абадӣ дар хазинаи дунё.
Парандаҳои само,
Ай барандагони сафо,
Ман ошиёни шумоям,
Дил ошиёни шумо.
Таронаҳои маро,
То каронаҳо бибаред,
Аз остони ато,
То ба осмони Худо.
Азоби кӯр кашидам, ки ҷон кунам равшан,
Азоби кӯр кашидам, ки дил кунам бино.
Азоби кӯр кашидам, ки ҷон кунам равшан,
Азоби кӯр кашидам, ки дил кунам бино.
Хушо бадар натавон кард ҳеҷ сарҳанге,
Туро зи дидаи мардум атои дидадаро.
Парандаҳои само,
Ай барандагони сафо,
Ман ошиёни шумоям,
Дил ошиёни шумо.
Таронаҳои маро,
То каронаҳо бибаред,
Аз остони ато,
То ба осмони Худо.
Караоке
Караоке «Парандаҳои само» аз Аҳмади Саидик дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.