Матни суруд
О, ба мусаффоии ту,
Ҳусни дилорои ту.
Наравад аз ёди ман
Субҳи фараҳзои ту.
Рӯшони нозанинам,
Рӯшони нозанинам,
Рӯшони нозанинам.
Меваи боғат зи биҳишт аст ба ман,
Гӯшаву роғат чу биҳишт аст ба ман.
Рафъ шавад хастагии ҷону дил,
Ҳар ки суроғат бирасидаст ба ман.
Рафъ шавад хастагии ҷону дил,
Ҳар ки суроғат бирасидаст ба ман.
Дашту даман гулшани манзар бувад,
Обу ҳаво мазҳари ховар бувад.
Байни кӯҳистони Бадахшони ман,
Ҳамчу нигине ба ангуштар бувад.
Байни кӯҳистони Бадахшони ман,
Ҳамчу нигине ба ангуштар бувад.
Меваи боғат зи биҳишт аст ба ман,
Гӯшаву роғат чу биҳишт аст ба ман.
Рафъ шавад хастагии ҷону дил,
Ҳар ки суроғат бирасидаст ба ман.
Хонаи обод зи достон туӣ,
Равшании маҳфили ёрон туӣ.
Маскани шодобу озодаӣ,
Шуълаи он гулшани Рӯшон туӣ.
Маскани шодобу озодаӣ,
Шуълаи он гулшани Рӯшон туӣ.
Пиру ҷавон омада меҳмони ту,
Дида туро гаштааст ҳайрони ту.
Ҳар ки зи роҳи ту шуд раҳгузар,
Боз биёяд шуда пазмони ту.
Ҳар ки зи роҳи ту шуд раҳгузар,
Боз биёяд шуда пазмони ту.
Меваи боғат зи биҳишт аст ба ман,
Гӯшаву роғат чу биҳишт аст ба ман.
Рафъ шавад хастагии ҷону дил,
Ҳар ки суроғат бирасидаст ба ман.
Рафъ шавад хастагии ҷону дил,
Ҳар ки суроғат бирасидаст ба ман.
Караоке
Караоке «Рушони нозанин» аз Далер Мирзошо дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.