Нури ман

Шаб ба хайр

Мукаддас Набиева

Фолк Поп Вокал Баллада

Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ

Матни суруд

Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт

Дар талоши қисмату номусу ном

Боз як хуршед моро тарк гуфт

Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом

Боз як хуршед моро тарк гуфт

Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом

Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамзаминон

Шаб ба хайр

Боз як рӯзе гузашту даррабуд

Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ

Боз як рӯзе гузашту даррабуд

Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ

Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал

Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ

Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал

Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ

Боз торикиву бар ёдам расид

Чашмҳои меҳрдори модарам

Дурам аз ӯ, то кӣ бошад дастёр

Дар нафасҳои пасини модарам

Дурам аз ӯ, то кӣ бошад дастёр

Дар нафасҳои пасини модарам

Шаб ба хайр, эй модари ҷон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй модари ҷон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй модари ҷон

Шаб ба хайр

Мо ҳама фарзанди айёми худем

Шодмонем андар оғӯши замон

Мо ҳама фарзанди айёми худем

Шодмонем андар оғӯши замон

Ончунон хушном бояд зистан

То мабодо кас фаромӯши замон

Ончунон хушном бояд зистан

То мабодо кас фаромӯши замон

Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамзаминон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамдиёрон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамдиёрон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамдиёрон

Шаб ба хайр

Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон

Шаб ба хайр

Караоке

Караоке «Шаб ба хайр» аз Мукаддас Набиева дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.

Дигар сурудҳои ҳунарманд

Ҳамаи сурудҳо
Нури ман

Дилум кабоб аст

Мукаддас Набиева

2:55
Нури ман

Нури ман

Мукаддас Набиева

3:47
Садои дил

Чакра-чаки

Мукаддас Набиева

1:47
Садои дил

Ситораи ман

Мукаддас Набиева

3:33
Нури ман

То боди сабо

Мукаддас Набиева

4:15

Сурудҳои монанд

Лалаики Помир (Колыбельная Памира)

Армония

Олег Фезов

3:32
Телефони сулҳ

Ҳаргиз аз ёди ман

Далер Назаров

3:35
Нури ман

Биё биё

Мукаддас Набиева

2:25
Ману дарё

Гули бодомам

Хурмо Ширинова

3:45
A Collection

Эй парӣ

Далер Назаров

4:59