Матни суруд
Дил ба ишқат зинда мебошад ҳанӯз,
Ҷон ба ёдат нола дорад шабу рӯз.
Боваре дорам, ки бинам рӯи ту,
Кай шавад то соати фархундарӯз.
Рӯи гул бо ашкҳо мешӯямаш,
То саҳар кӯи туро меҷӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
Булбул аз оҳи дилам дар нола шуд,
Ҳамнафас бо ман асиру вола шуд.
Васфи ту гуфтам ба пеши аҳли дард,
Он ҳадиси ишқи ин садсола шуд.
Рӯи гул бо ашкҳо мешӯямаш,
То саҳар кӯи туро меҷӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
Караоке
Караоке «Садои дил» аз Мукаддас Набиева дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.