Матни суруд
Ҳамин кӯча, ҳамин хона, ҳамин пайроҳаи сангӣ
Ҳамин кӯча, ҳамин хона, ҳамин пайроҳаи сангӣ
Наҷотам медиҳад ҳар дам зи доми сахти дилтангӣ
Пазируфтам ватанро ман аз ин кӯча, аз ин хона
Шамидам атри ёсашро, ба лаб оварда шукрона
Дуо кардам, ки аз хокаш нагардам ҳеҷ бегона
Бигуфтам хонаи хасмаш шавад эй кош вайрона
Ҳамин кӯча, ҳамин хона, ҳамин пайроҳаи сангӣ
Наҷотам медиҳад ҳар дам зи доми сахти дилтангӣ
Ман он абрам, ки ҳар ҷое намеборам, намеборам
Ман он кӯҳи баландам, ки макони зистан дорам
Ватан дорам, ватан дорам, ватан дорам
Ҳамин кӯча, ҳамин хона, ҳамин пайроҳаи сангӣ
Ҳамин кӯча, ҳамин хона, ҳамин пайроҳаи сангӣ
Наҷотам медиҳад ҳар дам зи доми сахти дилтангӣ
Караоке
Караоке «Vatan» аз Mehrnigori Rustam дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.