Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ
Матни суруд
Рӯзгороне ду ошиқ аҳду паймон баста буданд
Аз тамоми аҳли олам ҳардушон дилхаста буданд
Рӯзгороне ду ошиқ аҳду паймон баста буданд
Аз тамоми аҳли олам ҳардушон дилхаста буданд
Пушти девори ҷудоӣ рӯзҳошон пушти сар шуд
Ишқашон аз дасти ғамҳо сар ба саҳро дар ба дар шуд
Пушти девори ҷудоӣ рӯзҳошон пушти сар шуд
Ишқашон аз дасти ғамҳо сар ба саҳро дар ба дар шуд
Ин суруди баргу бод аст
Аз ғаму дарди зиёд аст
Оҳи ғамсӯзи хазон аст
Оташи дар дил ниҳон аст
Достони ашки шабҳо
Қиссаи ранҷи Зулайхо
Қиссаи Юсуфи Канъон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
То ба ҳадди нобиноӣ сӯхт аз дасти ҷудоӣ
Лек бо исрор мекард Юсуфи худро гадоӣ
То ба ҳадди нобиноӣ сӯхт аз дасти ҷудоӣ
Лек бо исрор мекард Юсуфи худро гадоӣ
Нолаи зори Зулайхо то ба даргоҳи Худо рафт
Қиссаи ин ишқи зебо то баландии само рафт
Нолаи зори Зулайхо то ба даргоҳи Худо рафт
Қиссаи ин ишқи зебо то баландии само рафт
Ин суруди баргу бод аст
Аз ғаму дарди зиёд аст
Оҳи ғамсӯзи хазон аст
Оташи дар дил ниҳон аст
Достони ашки шабҳо
Қиссаи ранҷи Зулайхо
Қиссаи Юсуфи Канъон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Ин суруди баргу бод аст
Аз ғаму дарди зиёд аст
Оҳи ғамсӯзи хазон аст
Оташи дар дил ниҳон аст
Достони ашки шабҳо
Қиссаи ранҷи Зулайхо
Қиссаи Юсуфи Канъон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Караоке
Караоке «Yusuf va Zulaykho» аз Zulaykho Mahmadshoeva / Jonibek Murodov дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.