Слова
Ҳой дар ишқи ту беқарор маҷнунам ман,
Ҳой дар роҳи вафо басе ҷигархунам ман.
Ҳой аз ҷабру ҷафои душманон тарсе нест,
Ҳой валлоҳ ба Худо, ки аз ту мамнунам ман.
Ҳой аз ҷабру ҷафои душманон тарсе нест,
Ҳой валлоҳ ба Худо, ки аз ту мамнунам ман.
Ҳей вой доде, ба дил доғе,
Ҳей вой доде, ба дил доғе,
Ҳей вой доде, ба дил доғе,
Ҳей вой доде, ба дил доғе.
Кафтар ба сари чинору ман бандаи он ёрам,
Бишкуфта гули анору дар кулбаам афгорам.
Чун аз бари ман бигзарӣ афтода чу беморам,
Охир ту мадеҳ золим ҷабру ғами бисёрам.
Ҳой аз рақси ту гулҳои чаман мерақсад,
Ҳой дилдода ба ту сарву суман мерақсад.
Ҳой тоҷикдухтаре садқаи чархидани ту,
Ҳой сар то ба қадам ҷону бадан мерақсад.
Ҳой тоҷикдухтаре садқаи чархидани ту,
Ҳой сар то ба қадам ҷону бадан мерақсад.
Ҳей вой доде, ба дил доғе,
Ҳей вой доде, ба дил доғе,
Ҳей вой доде, ба дил доғе,
Ҳей вой доде, ба дил доғе.
Кафтар ба сари чинору ман бандаи он ёрам,
Бишкуфта гули анору дар кулбаам афгорам.
Чун аз бари ман бигзарӣ афтода чу беморам,
Охир ту мадеҳ золим ҷабру ғами бисёрам.
Караоке
Караоке «Daghe Del» — Sadriddin Najmiddin на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.