Слова
Ҳе... боз дар кӯҳу ватан,
сони чаман, ҷойи суман,
маскани фан, мазҳари асрори сухан,
зеби Яман, рашки Хутан,
кишвари аҷдодии ман,
тӯю тамошост...
Боз дар кони диёр,
маскани ёр, мулки нигор, ҷойи қарор,
мамлакати номусу ор,
бӯйи баҳор, савти ҳазор,
нолаи най, нағмаи тор,
бин чӣ муҳайёст...
Ин диёрест, макони уламою фузалою шуаро,
кони сахо, ганҷи гадо, мурғи ҳумо,
номи накӯш боми Сурайёст...
Ин Бадахшони сафо, хуштар аз моли ҷаҳон,
беҳтар аз оли ҷаҳон,
беҳтар, зеботар,
волотар, волотари дунёст...
Шоҳ Носир алам афшон,
гаҳе ҷамъе зи худкома парешон,
равон шуд ба Бадахшон,
ба сад уммеду армон,
биёмад зи Хуросон,
то ба танзим дарорад ҳамаи расми куҳанро,
ва суханро, ва маро, ва ҳамон қоидаи зоти дафанро,
ки фаромӯш шудаи ҳазрати волост...
Зери ҳар санги ватан,
гашта ниҳон,
сирри ҷаҳон,
сирри шаҳон,
Шоҳи Бурҳон, Шоҳи Хомӯш,
Шоҳи Маланг, гӯшаи ғор,
шони бузургони Хуросон.
Шофеъи туро, халафи дигар,
хушгавҳар, хушдафтар,
вассофи чу пайғамбар,
маддоҳи ҳамон сарвар,
довар ба ду дунёст...
Ҳе... Сад даст номи Муҳаммад оварду гавҳар шуд,
шаҳмот шуду Ясриб шуду мӯъмин шуд,
ки аз мадҳи Алӣ маст,
дар ин дафтари маддоҳ,
к-аз мадҳи Алӣ маст,
дар ин дафтари маддоҳ,
ки заданд дам зи набӣ, у зи Алӣ, дам зи валӣ, у зи васӣ,
дам зи ҳаёти малакуте, ки дар он олами болост...
Ҳе... Бадахшону, Зарафшону, ба Хатлону, ба Вахшону, ба Эрон,
ба он мамлакати хуб,
ниёгон, санохону ғазалхон,
равем аз дилу аз ҷон,
то ба Шероз, ба Табрез,
равем бо сухану соз,
кунем савти нав оғоз,
диҳем зиндагӣ пардоз,
кунем зинда Аҷам боз,
ки хоҳиши дилҳост...
Ин ки ин қисса навишт, варқаи парвозӣ,
аз даргоҳи Ҳақ Маҳмади Парвозӣ,
аз авлоди Фидоалию, Султоналию, Ризоалӣ,
оҳ, он бузургони Бадахшон...
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Дар қалъаи Барпанҷа, як духтаракасте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Гирди сари ӯ гаштам, ӯ хуштаракасте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Бо падару бо модар, даъвоҷӯ кардум ой е
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Бо қисмати е, ба ман диҳед беҳтаракасте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Аз қалъа баромадам, себум сари дасте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Бо себи ту ошиқам, бар холи ту масте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Қуртаи зайтунӣ, бо холи ту масте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Ой, не қуввати дил дорам, не ҳалқаи дасте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте
Ҳе ёҳӯймасте, ёҳӯ барам масте