Слова
Мавҷи дарё низ бигзашта равад
Умри одам низ бигзашта равад
Зинати рӯи замин чун гул шудед
Давраи мо низ бигзашта равад
Дар ҷаҳон номард ҳасту мард ҳаст
Ҳарфи гарму ҳарфи сахту сард ҳаст
Кӯи шоду манзили пурдард ҳаст
Хубу расво низ бигзашта равад
Он ки мехонад туро муниси ҷон
Санг партояд ба роҳат дар ниҳон
Гарчи резад шаҳд аз лаб ҳар замон
Макру савдо низ бигзашта равад
Дар ҷаҳон номард ҳасту мард ҳаст
Ҳарфи гарму ҳарфи сахту сард ҳаст
Кӯи шоду манзили пурдард ҳаст
Хубу расво низ бигзашта равад
Эй дило бефарқу бепарво набош
Аз хатои ҷоҳилон бегона бош
Баҳри ҳифзи зиндагӣ мардона бош
Даври ғамҳо низ бигзашта равад
Дар ҷаҳон номард ҳасту мард ҳаст
Ҳарфи гарму ҳарфи сахту сард ҳаст
Кӯи шоду манзили пурдард ҳаст
Хубу расво низ бигзашта равад
Бигзашта равад
Караоке
Караоке «Мавҷи дарё» — Parem на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.