Бесплатно и целиком, без регистрации
Слова
Накун сӯям нигоҳе ба вақти хайрбодам,
Дареғи ишқи зебо, туро аз даст додам.
Кунун аз ман халосӣ, шиноси ношиносӣ.
Бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ, ҳама дунё ба комат,
Паноҳат бар Худо бод, аз ин ҷо то қиёмат.
Кунун аз ман халосӣ, шиноси ношиносӣ.
Ишқи мо хаёлӣ буд,
Ҳисси пучу холӣ буд,
Қиссаи хаёлӣ буд, афсӯс, афсӯс.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам бе ту бимонам то абад.
Замони рафтани ту дилам дарёи ғам буд,
Ба фикрат ин ҳама ғам ба як дил боз кам буд.
Замони рафтани ту шафақҳо кӯч бастанд,
Дарахтони хиёбон канори ҳам шикастанд.
Ишқи мо хаёлӣ буд,
Ҳисси пучу холӣ буд,
Қиссаи хаёлӣ буд, афсӯс, афсӯс.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам бе ту бимонам то абад.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам раҳо шавам зи қиссаат.
Натавонистам бо ту бимонам то абад,
Натавонистам бе ту бимонам то абад.
Караоке
Караоке «Natonistam» — Mehrnigori Rustam на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.