Слова
Нолидани шабҳои ман аз мурғи саҳар пурс
Хунхӯрдани пинҳони ман аз дидаи тар пурс
Бод аз дари дилдор хабар медиҳад имрӯз
Эй ҷон ба дар о аз дили девона хабар пурс
Дар ишқи ту нолам
Чун булбули гӯё
Дар ёди ту нолам
Чун ошиқи шайдо
Дарди дили моро
Гумгашта давое
Чандест дили мо
Нодида навое
Аз роҳи вараъ Каъбаи мақсуд наёбӣ
Сӯйи ҳарам ар меравӣ роҳи дигар пурс
Дар кулбаи ман гар наниҳӣ пойи иёдат
Як раҳ қадаме ранҷа кун эй ёр зи дар пурс
Дар ишқи ту нолам
Чун булбули гӯё
Дар ёди ту нолам
Чун ошиқи шайдо
Дарди дили моро
Гумгашта давое
Чандест дили мо
Нодида навое
Караоке
Караоке «Нолаи ишқ» — Далер Мирзошо на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.