Слова
Эй ба номи ту гадое кист, манам
Ҳамраҳи ранҷу ҷафое кист, манам
Он ки раҳме ба дилаш нест, туӣ
Он ки дилхун зи ту кист, манам
Он ки бемеҳру вафоест, туӣ
Он ки ҷонбози вафо кист, манам
Он ки бадбин ба бечора, туӣ
Он ки бечораи зорест, манам
Он ки бо ғайре вафодор, туӣ
Он ки бо дидаи хунбор, манам
Он ки гулдастаи гулзор, туӣ
Он ки як булбулаки зор, манам
Заҳр аз дасти ту бар ман ширин
Он ки марг аст талабгор, манам
Он ки аз ишқ хабар нест, туӣ
Он ки Маҷнуни гирифтор, манам
То кай аз ишқ бинолӣ, Шуғнӣ
То ки ҷон аст маро дар баданам
Ҳееее...
Караоке
Караоке «Шугни» — Амриддин Олифтаев на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.