Слова
Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое
Чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро?
Аё савсанбуногуше, ки дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро
Яке з-ин барзани нороҳ бар шав
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?
Бибахшо, ай азиз, бар ман бибахшо
Макӯш дар ишқ хира чун манеро!
Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро
Агар бе ҷон равон хоҳӣ танеро
Караоке
Караоке «Суруди Рудаки» — Далер Назаров на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.