Бесплатно и целиком, без регистрации
Слова
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Ҳар кокули сар ҳамсаре дорад
Дар хонаи ишқ дилбаре дорад
Ҳар кокули сар ҳамсаре дорад
Дар хонаи ишқ дилбаре дорад
О сабзабаҳор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
О сабзабаҳор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Бо рози ғамат хона меояд
Бар мӯи сияҳ шона меояд
Бо рози ғамат хона меояд
Бар мӯи сияҳ шона меояд
О сабзанигор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
О сабзанигор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Анор, анор, биё ба болинум
Шабнам, гули анор, биё ба болинум
Э агар сангам занӣ, агар сангам занӣ, сангат бибӯсам
Ҷоманоранҷӣ, гуле рухсора норанҷӣ
Э агар заҳрам диҳӣ, агар заҳрам диҳӣ, заҳрат бинӯшам
Ҷоманоранҷӣ, гуле рухсора норанҷӣ
Э агар ғуслам диҳӣ, агар ғуслам диҳӣ, бо оби кофур
Ҷоманоранҷӣ, гуле рухсора норанҷӣ
Э кафан пора кунам, кафан пора кунам, рӯят бибӯсам
Ҷоманоранҷӣ, гуле рухсора норанҷӣ
Ҷоманоранҷӣ, рухсора норанҷӣ
Ҷоманоранҷӣ, рухсора норанҷӣ
Сайёди Мурғоб шудум зи дасти норанҷӣ
Сайёди Мурғоб шудум зи дасти норанҷӣ
Э чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Шириниро ту пора кардӣ, дилара ту пора кардӣ
Шириниро ту пора кардӣ, дилара ту пора кардӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Э аз ман меравӣ ба зудӣ, чӣ оташе, чӣ зудӣ
Аз ман меравӣ ба зудӣ, чӣ оташе, чӣ зудӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Чашмаки кабуди дудӣ, чашмаки кабуди суғдӣ
Парвонасифат рақс кунам, гирди сарат гардам
Қурбони сарат гардам, қурбони сарат гардам
Ҳар ҷо ки равӣ бош, ки ман ҳамсафарат гардам
Қурбони сарат гардам, қурбони сарат гардам
Ҳар ҷо ки равӣ бош, ки ман ҳамсафарат гардам
Қурбони сарат гардам, қурбони сарат гардам
Аз ишқи ту ҳар ҷо ба сарам бори маломат
То рӯзи қиёмат
Аз ишқи ту ҳар ҷо ба сарам бори маломат
То рӯзи қиёмат
Имрӯз ки фармон чу гадое ба дарат гардам
Қурбони сарат гардам, қурбони сарат гардам
Имрӯз ки фармон чу гадое ба дарат гардам
Қурбони сарат гардам, қурбони сарат гардам
Дил мега биё, дил мега биё, бирақс ба майдон
Э лолаи Бадахшон, э духтари Шуғнон
Э лолаи Бадахшон, э духтари Шуғнон
Дил мега биё, дил мега биё, ба пешум мемон
Э духтари Шуғнон, э лолаи Бадахшон
Э духтари Шуғнон, э моҳи шабистон
Рақсида биё, рақсида биё, биё ба майдон
Аз нози ту ман мегардам ҳайрон
Нозе ту бикун, нозета қурбон
Э ҳамто надорӣ эй дилу ҷон
Нозе ту бикун, нозета қурбон
Э ҳамто надорӣ эй дилу ҷон
Дил мега биё, дил мега биё, ба пешум мемон
Э духтари Шуғнон, э лолаи Бадахшон
Э духтари Шуғнон, э моҳи шабистон
Азизам аз лабат бӯи гул ояд, Моҳсуман
Маро аз ту ҷудоӣ мушкил ояд, Моҳсуман
Маро гӯянд ҷудоӣ кун ҷудоӣ, Моҳсуман
Ҷудоӣ гар кунам ҷонам барояд, Моҳсуман
Маро гӯянд ҷудоӣ кун ҷудоӣ, Моҳсуман
Ҷудоӣ гар кунам ҷонам барояд, Моҳсуман
Моҳсуман, силсиладор
Сари домонаш қатор
Меравад шаҳру бозор
Мехарад усма бисёр
Дар пояш кафши булғор
Моҳсуман, ҷоно, Моҳсуман
Сарви равон, Моҳсуман
Роҳати ҷон, Моҳсуман
Сари шаб то ба саҳар
Дасти ман дар домани ёр
Моҳсуман силсиладор
Сари шаб то ба саҳар
Дасти ман дар домани ёр
Моҳсуман силсиладор
Ба рафти бевафо ёдум накардӣ, Моҳсуман
Ба хатти номае шодум накардӣ, Моҳсуман
Ба мактабхонаи ишқи ту будам, Моҳсуман
Сабақ додиву устодум накардӣ, Моҳсуман
Ба мактабхонаи ишқи ту будам, Моҳсуман
Сабақ додиву устодум накардӣ, Моҳсуман
Моҳсуман, силсиладор
Сари домонаш қатор
Меравад шаҳру бозор
Мехарад усма бисёр
Дар пояш кафши булғор
Моҳсуман, ҷоно, Моҳсуман
Сарви равон, Моҳсуман
Роҳати ҷон, Моҳсуман
Сари шаб то ба саҳар
Дасти ман дар домани ёр
Моҳсуман силсиладор
Сари шаб то ба саҳар
Дасти ман дар домани ёр
Моҳсуман силсиладор
Сари шаб то ба саҳар
Дасти ман дар домани ёр
Моҳсуман силсиладор
Масти мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Масти мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Дар боғи шумо себу шафтолу
Дар боғи шумо себу шафтолуе
Аз бӯш мастуме, медоние
Аз бӯш мастуме, медоние
Масти мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Ман мераваму намеравад ҳамроҳи ман
Торик шудаст кӯҳу биёбон бар ман
Шерони жаён наъра зананд бар сари ман
Э, ман наъра занам, куҷо шуд аст ҳамроҳи ман
Ҳай...
Масти мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Кабки мастуме, медоние
Кабки мастӣ, масти ман
Қаҳра зада меояд
Зулфонаш тоб дода
Шона зада меояд
Кабки мастӣ, масти ман
Қаҳра зада меояд
Зулфонаш тоб дода
Шона зада меояд
Зулфонаш тоб дода
Шона зада меояд
Аз боло борон омад
Ёрам ба долон омад
Аз боло борон омад
Ёрам ба долон омад
Як бӯса талаб кардум
Чашмаш ба гирён омад
Як бӯса талаб кардум
Чашмаш ба гирён омад
Кабки мастӣ, масти ман
Қаҳра зада меояд
Зулфонаш тоб дода
Шона зада меояд
Чашми сиёҳи зоғат, модар набинад доғат
Чашми сиёҳи зоғат, модар набинад доғат
Модар бинад, набинад, ошиқ набинад доғат
Модар бинад, набинад, ошиқ набинад доғат
Кабки мастӣ, масти ман
Қаҳра зада меояд
Зулфонаш тоб дода
Шона зада меояд
Зулфонаш тоб дода
Шона зада меояд
Ҳай...
Масти масту, масти мастам
Ба Худо ки майпарастам
Дар ин ҷо зи моли дунё
Фақат он ки май ба дастам
Сари аввал суруду чаҳ-чаҳ
Чангу нае рубоб ба дастам
Он замон ки май зиёд шуд
Ба гулӯи кас биҷастам
Масти масту, масти мастам
Ба Худо ки майпарастам
Дар ин ҷо зи моли дунё
Фақат он ки май ба дастам
Сари аввал суруду чаҳ-чаҳ
Чангу нае рубоб ба дастам
Он замон ки май зиёд шуд
Ба гулӯи кас биҷастам
Ҳай...
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э, ҷилваи сарви суманам орзуст
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э, накҳати гулро чӣ кунам, эй насим
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э, бӯй аз он пироҳанам орзуст
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э, боз магӯ ҷоме аз ин лаб сухан
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э, з-ин суханам, з-он даҳанам орзуст
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э, з-ин суханам, з-он даҳанам орзуст
Боз ҳавои чаманам орзуст
Боз ҳавои чаманам орзуст
Э...
Дилбари ҷононам
Э, дилбари ҷононам
Бурдаи дилу ҷонам
Э, дилбари ҷононам
Савсану райҳонам
Э, дилбари ҷононам
Ҷуз ту чӣ дорам ҳавас
Э, дилбари ҷононам
Э ай маҳи тобонам
Э, дилбари ҷононам
Рӯи ту моҳи мунир
Э, дилбари ҷононам
Мисли ту беназир
Э, дилбари ҷононам
Нест дар Шуғнонзамин
Э, дилбари ҷононам
Нест дар Шуғнонзамин
Э, дилбари ҷононам
Э дилбари ҷононам, дилбари ҷононам
Дилбари ҷононам
Э...