Слова
Ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Ман хоки поят ҳастам
Рӯзи нахуст гуфтӣ:
«Ман мубталоят ҳастам»
Ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки поят ҳастам
Рӯзи дигар ба гӯшам
Хондӣ фусуни тоза
Ки: «Эй ошнои ҷонам
Ман ошноят ҳастам
Ман ошноят ҳастам»
Ту кӯҳи, ту кӯҳи, ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Ту кӯҳи, ту кӯҳи, ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Рӯзи дигар ба бӯса
Қулфи лабам шикастӣ
Гуфтӣ, ки ҳамбадоят
Ҳаммунтаҳоят ҳастам
Рӯзи дигар, ки будам
Меҳмони хилвати ту
Дар ғуссаи муҳаббат
Гуфтӣ: «Худоят ҳастам
Гуфтӣ: Худоят ҳастам»
Гуфтӣ: Худоят ҳастам»
Ту кӯҳи, ту кӯҳи, ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Ту кӯҳи, ту кӯҳи, ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Моҳе гузашту дидам
Он нестам, ки будам
Як сояи заифам
Ки андар қафоят ҳастам
Имрӯз баъди соле
Мебинам ин тафовут:
Ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки поят ҳастам
Ман хоки поят ҳастам
Ту кӯҳи, ту кӯҳи, ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Ту кӯҳи, ту кӯҳи, ту кӯҳи пурғурурӣ
Ман хоки, ман хоки, ман хоки поят ҳастам
Караоке
Караоке «Хоки поят» — Юлдуз Усмонова на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.