Бесплатно и целиком, без регистрации
Слова
Рӯзгороне ду ошиқ аҳду паймон баста буданд
Аз тамоми аҳли олам ҳардушон дилхаста буданд
Рӯзгороне ду ошиқ аҳду паймон баста буданд
Аз тамоми аҳли олам ҳардушон дилхаста буданд
Пушти девори ҷудоӣ рӯзҳошон пушти сар шуд
Ишқашон аз дасти ғамҳо сар ба саҳро дар ба дар шуд
Пушти девори ҷудоӣ рӯзҳошон пушти сар шуд
Ишқашон аз дасти ғамҳо сар ба саҳро дар ба дар шуд
Ин суруди баргу бод аст
Аз ғаму дарди зиёд аст
Оҳи ғамсӯзи хазон аст
Оташи дар дил ниҳон аст
Достони ашки шабҳо
Қиссаи ранҷи Зулайхо
Қиссаи Юсуфи Канъон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
То ба ҳадди нобиноӣ сӯхт аз дасти ҷудоӣ
Лек бо исрор мекард Юсуфи худро гадоӣ
То ба ҳадди нобиноӣ сӯхт аз дасти ҷудоӣ
Лек бо исрор мекард Юсуфи худро гадоӣ
Нолаи зори Зулайхо то ба даргоҳи Худо рафт
Қиссаи ин ишқи зебо то баландии само рафт
Нолаи зори Зулайхо то ба даргоҳи Худо рафт
Қиссаи ин ишқи зебо то баландии само рафт
Ин суруди баргу бод аст
Аз ғаму дарди зиёд аст
Оҳи ғамсӯзи хазон аст
Оташи дар дил ниҳон аст
Достони ашки шабҳо
Қиссаи ранҷи Зулайхо
Қиссаи Юсуфи Канъон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Ин суруди баргу бод аст
Аз ғаму дарди зиёд аст
Оҳи ғамсӯзи хазон аст
Оташи дар дил ниҳон аст
Достони ашки шабҳо
Қиссаи ранҷи Зулайхо
Қиссаи Юсуфи Канъон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Дар китоби дарди ҳиҷрон
Караоке
Караоке «Yusuf va Zulaykho» — Zulaykho Mahmadshoeva / Jonibek Murodov на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.