Lyrics
Ё раб ҳама кишварам пур аз гул гардад
Дашту дамани ватан чу сунбул гардад
Ёрону бародарон бо дасти дуо
Бо лафзи хуши ватан чу булбул гардад
Ало нашканад гул қади раъноя
Ман садқа шавам чашми шаҳлоя
Бемор наравӣ ба гулистон
Бемор наравӣ ба гулистон
Ало нашканад гул қади раъноя
Ман садқа шавам чашми шаҳлоя
Бемор наравӣ ба гулистон
Бемор наравӣ ба гулистон
Ду рухсорат чу гул дар ханда бошад ҷоне
Бемор наравӣ ба гулистон
Ду абрӯ чун камон афканда бошад ҷоне
Бемор наравӣ ба гулистон
Қурбони ду чашми сурмазебат ҷоне
Бемор наравӣ ба гулистон
Дилам бар қадди сарват банда бошад ҷоне
Бемор наравӣ ба гулистон
Ало нашканад гул қади раъноя
Ман садқа шавам чашми шаҳлоя
Бемор наравӣ ба гулистон
Бемор наравӣ ба гулистон
Ало нашканад гул қади раъноя
Ман садқа шавам чашми шаҳлоя
Бемор наравӣ ба гулистон
Бемор наравӣ ба гулистон
Симинбадане буд ба сайри чаманам шаб
Омад ба гулистон бути гулпираҳанам шаб
Омад ба гулистон бути гулпираҳанам шаб
Гулбарги гули рӯй ба мисли табақи гул
Мекард парешон ба рухаш турраи сунбул
Афтода ба шаҳр аз ғами ӯ шӯришу ғулғул
Омад ба сарам дӯш ба сад нозу тамаллуқ
Аз дидани ӯ омада ҷон дар баданам шаб
Аз дидани ӯ омада ҷон дар баданам шаб
Э...
Туркону Хито гашта ҳама бандаи холат
Э...
Хубони Аҷам шефтаи ҳусни ҷамолат
Сад сӯхта дар ҳасрати муштоқи висолат
Ай шамъи шабистон шудаам ахгар ба хаёлат
Ай шамъи шабистон шудаам ахгар ба хаёлат
Мирзо бикунад васфи ту дар анҷуманам шаб
Мирзо бикунад васфи ту дар анҷуманам шаб
Симинбадане буд ба сайри чаманам шаб
Омад ба гулистон бути гулпираҳанам шаб
Омад ба гулистон бути гулпираҳанам шаб
Sing karaoke
Sing Ало нашкана гул by Aqnazar Alovatov as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.