Lyrics
Дилбару дилдор фидоят манам
Лаъли шакарбор фидоят манам
Ай гули бехор фидоят манам
Моҳи шаби тор фидоят манам
Э-э-э, рӯзу шабон дар талаби рӯйи ту
Баста гиреҳ сӯйи ба ҳам абрӯйи ту
Масти хаёли рухи дилҷӯйи ту
Шӯхи ситамгар фидоят манам
Э, ин дили ҳайрони маро шод кун
Аз мани мискин ту даме ёд кун
Хоки сари кӯйи маро бод кун
Ай гули гулзор фидоят манам
Дилбару дилдор фидоят манам
Лаъли шакарбор фидоят манам
Қадди расоят мара девона кард
Зулфи сиёҳат мара афсона кард
Холи лабат бехуду бегона кард
Чашми хуморат мара мастона кард
Ай маҳи айёр фидоят манам
Дилбару дилдор фидоят манам
Лаъли шакарбор фидоят манам
Ай гули бехор фидоят манам
Моҳи шаби тор фидоят манам
Дар талаби рӯйи ту овораам
Пеши қадамҳои ту афтодаам
Бар лаби ширини ту паймонаам
З-оташи ишқи ту чу парвонаам
Ёри ситамгар фидоят манам
Дилбару дилдор фидоят манам
Лаъли шакарбор фидоят манам
Ай гули бехор фидоят манам
Моҳи шаби тор фидоят манам
Э-э-э, ошиқи гулчеҳраи хандон шудам
Аз нигоҳи гарми ӯ мастон шудам
То ба ҷон мавҷуд аз ҷонон шудам
Дар ҳавои ишқ саргардон шудам
Ай дареғо, бе сару сомон шудам
Э-э-э, чи қашанг зоғи сияҳ дар гулшанаш
Холи мушкин дар баёзи гарданаш
Аз муҳаббат ман бигирам доманаш
Мекунам аз барги гул пироҳанаш
Эй гумон озурда мегардад танаш
Э, аз фироқаш хаставу нолон шудам
Ошиқи гулчеҳраи хандон шудам
Аз нигоҳи гарми ӯ мастон шудам
То ба ҷон мавҷуд аз ҷонон шудам
Дар ҳавои ишқ саргардон шудам
Эй дареғо, бе сару сомон шудам
Э-э-э
Sing karaoke
Sing Фидоят by Акназар Аловатов as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.