Шогун баҳор муборак

Шогун баҳор муборак

Сурудҳои халқӣ

Шогун баҳор муборак

7:46

Folk

Lyrics

AI transcript

Эй Худованди замину осмон эй

Эй то ба наврӯзи дигар моро расон

Эй рӯзу шаб дорам талаб аз раҳматат

Эй дар амон моро нигаҳ дор дар амон эй

Дили мо пур зи шодист

Зи наврӯзи баҳорон

Ҳама ҷо арғувонист

Зи наврӯзи баҳорон

Ҳама масту ғазалхон

Ҳама гулҳо шукуфон

Ҳама ҷо дилрабоист

Зи наврӯзи баҳорон

Дили мо пур зи шодист

Зи наврӯзи баҳорон

Ҳама ҷо арғувонист

Зи наврӯзи баҳорон

Айёми баҳор аст

Сайли гулузор аст

Ёрам ба канор аст

Шогуни баҳор аст

Айёми баҳор аст

Сайли гулузор аст

Ёрам ба канор аст

Шогуни баҳор аст

Булбул ба хумор аст

Бо савти ҳазор аст

Гул бар сари хор аст

Шогуни баҳор аст

Гулдухтари зебо

Бо қомати раъно

Хонад ба таманно

Шогуни баҳор аст

Дилҳо ҳама хандон

Шодону ғазалхон

В-ин хандаи хубон

Шогуни баҳор аст

Мурғони чаман маст

Он сарви суман маст

Ҷонҳо ба бадан маст

Шогуни баҳор аст

Айёми баҳор аст

Сайли гулузор аст

Ёрам ба канор аст

Шогуни баҳор аст

Айёми баҳор аст

Сайли гулузор аст

Ёрам ба канор аст

Шогуни баҳор аст

Ҳе...

Шогуни баҳор омад шогуни баҳор

Дил дар бари ёр омад дил дар бари ёр

Шогуни баҳор омад шогуни баҳор

Дил дар бари ёр омад дил дар бари ёр

Ай дилбари ҷон биё ки наврӯз расид

Наврӯзи хушу рӯзи дилафрӯз расид

Наврӯз расид

Шогуни баҳор омад шогуни баҳор

Дил дар бари ёр омад дил дар бари ёр

Дил дар бари ёр омад дил дар бари ёр

Ҳе...

Дилам аз бӯйи наврӯзи ватан маст

Танам аз ишқи он сарви суман маст

Зи ашки шодии борони найсон

Тамоми сабзаи кӯҳу даман маст

Дилам аз бӯйи наврӯзи ватан маст

Танам аз ишқи он сарви суман маст

Зи ашки шодии борони найсон

Тамоми сабзаи кӯҳу даман маст

Ҳе...

Гулу булбул ғазалхонӣ намоянд

Ба ҳар гулзор аз бӯйи чаман маст

Сафои қалби меҳри ошиқон бин

Ҳама аз бӯйи оҳӯи Хутан маст

Муборак бар ҳама шогуни наврӯз

Ҳама бошед дар савти сухан маст

Ҳама бошед дар савти сухан маст

Дилам аз бӯйи наврӯзи ватан маст

Танам аз ишқи он сарви суман маст

Зи ашки шодии борони найсон

Тамоми сабзаи кӯҳу даман маст

Зи ашки шодии борони найсон

Тамоми сабзаи кӯҳу даман маст

Ҳе...

Similar Tracks

Ай Худо Дилам

Соқиё пур кун қада/Эй ошиқон эй ошиқон

Aqnazar Alovatov

7:13
Jonam

Jonam

Chorshanbe Alovatov

5:43
Фидоят

Фидоят

Акназар Аловатов

3:52
Ordbezon

Ordbezon

Shabnami Surayo

6:55
Кош шавам

Паймона бидеҳ

Дилшоди Файзулло

3:32
Имшаб

Ишқи беқарор

Дилшоди Файзулло

3:24