Lyrics
Ту бо кӣ ошно ҳастӣ кунун ёрам, кунун ёрам
Дили шабҳо ки хоб астию бедорам, бедорам
Туро ба ёд меорам, туро...
Дар дили ман он нигоҳи барқворат монд, ту рафтӣ
Дар дили ман он нигоҳи барқворат монд
Ҳама дарди синаам ёдгорат монд
Ба ёди рӯи дилдорам
Ба ишқи ту гирифторам
Ба ёди рӯи дилдорам
Ба ишқи ту гирифторам
Ба чашми дигарон ҳамчун гули зебо вале хорам
Ба чашми ту вале хорам, вале хорам, вале хорам
Ба ишқат интизорам ман, ба ишқат интизорам ман
Магар он рӯзҳои рафта мегарданд фаромӯш не, магар он
Рӯзҳои рафта мегарданд фаромӯш не
Ки бо ту шод будам, шод мегаштам ба ҳар ҷое
Магар ин сӯз осон аст барои ман, барои ман
Ки ашки ғусса мерезам ба танҳоӣ, ба танҳоӣ
Ба расми ошиқӣ боре бигӯ ҷонам, бигӯ ҷонам
Маро оё ба ёди хеш меорӣ, меорӣ
Ба ишқат интизорам ман, ба ишқат интизорам ман
Ба ёди он нигоҳи барқворат интизорам ман
Ба ёди он нигоҳи барқворат интизорам ман
Ба ёди бӯсаҳои пуршарорат интизорам ман
Баҳори ишқам дар хазон дареғ аз рӯзгоронам
Куҷо рафтӣ чаро рафтӣ ба ишқат интизорам ман
Ба ишқат интизорам ман
Ту бо кӣ ошно ҳастӣ кунун ёрам, кунун ёрам
Дили шабҳо ки хоб астию бедорам, бедорам
Туро ба ёд меорам, туро...
Sing karaoke
Sing Ба ишкат интизорам by Мукаддас Набиева as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.