Lyrics
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам.
Ман тоқати нодидани рӯи ту надорам,
Ман тоқати нодидани рӯи ту надорам,
Ҳарчанд ки дар ҳасрати дидор бимирам,
Ҳарчанд ки дар ҳасрати дидор бимирам.
Хуршеди ҳаётам ба лаби бом расидаст,
Хуршеди ҳаётам ба лаби бом расидаст,
Он беҳ, ки дар сояи девор бимирам,
Он беҳ, ки дар сояи девор бимирам.
Гуфтӣ, ки зи рашки ту ҳалоканд рақибон,
Гуфтӣ, ки зи рашки ту ҳалоканд рақибон,
Ман низ бар онам, ки аз ин зор бимирам,
Ман низ бар онам, ки аз ин зор бимирам.
Донам, ки чаро хуни маро зуд бирезӣ,
Донам, ки чаро хуни маро зуд бирезӣ,
Хоҳам, ки ба ҷон кандани бисёр бимирам,
Хоҳам, ки ба ҷон кандани бисёр бимирам.
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам.
Sing karaoke
Sing Хуршеди хаёт by Мукаддас Набиева as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.