Lyrics
Шаб, ки то саҳар
Хобро хароб кардам,
Рӯ ба маҳтоб кардам ман.
Ёд кардамат,
Синаро кабоб кардам,
Дидаро пуроб кардам ман.
Ҳей, шаб ки Чину Мочина,
Ҳей, боварии дерина.
Ҳей, шаб ки Чину Мочина, боварии дерина.
Шояд шабе
Пойи ман кӯбад дарат, эй ҷон,
Бардорад аз
Болиши ғафлат сарат.
Шояд шабе
Пойи ман кӯбад дарат, эй ҷон,
Бардорад аз
Болиши ғафлат сарат.
Ҷуз ситораҳо
Бар само чӣ мебинам,
Кӯ гувоҳи ҷони мискинам?
Ай шарори дил,
Ай фурӯғи парвинам,
Сӯзи ишқи туст оинам.
Ҳей, шаб ки Чину Мочина,
Ҳей, боварии дерина.
Ҳей, шаб ки Чину Мочина, боварии дерина.
Шояд шабе
Пойи ман кӯбад дарат, эй ҷон,
Бардорад аз
Болиши ғафлат сарат.
Шояд шабе
Пойи ман кӯбад дарат, эй ҷон,
Бардорад аз
Болиши ғафлат сарат.
Қадри рӯзаҳо
Ҳеҷ чун шабе, ки рафт,
Ҳамчу аспи Мустафо ба тоз.
Аз рӯйи замин
То ба осмони ҳафтум
Уруҷе карду боз...
Шояд шабе
Пойи ман кӯбад дарат, эй ҷон,
Бардорад аз
Болиши ғафлат сарат.
Шояд шабе
Пойи ман кӯбад дарат,
Бардорад аз
Болиши ғафлат сарат.
Шояд шабе...
Sing karaoke
Sing Шаб ки то сахар by Zafar Band as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.