Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ
Матни суруд
Танҳоӣ чун дарди сардест
Ҷонам, бишнав аз оҳам
Ҳастиву осоиши ҷон
Будӣ, будӣ ҳар хоҳам
Ман дигар аз тақдир нанолам
Ишқи деринаам ҳастӣ
Меҳрат андар дилу ҷон абадист
Ҷони ширинаам ҳастӣ
Биё ҷонам, ки аз ғамат бимирам
Ба зиндони дилат бигир асирам
Биё, ай маҳваши нозукхиромам
Наоӣ, хок шавад ишқу маромам
Ай дилбар, асирам кардӣ
Чаро, чаро, маҳрӯям
Мафтуни ишқам кардӣ
Чаро, ай парирӯям
Ман дигар аз тақдир нанолам
Ишқи деринаам ҳастӣ
Меҳрат андар дилу ҷон абадист
Ҷони ширинаам ҳастӣ
Биё ҷонам, ки аз ғамат бимирам
Ба зиндони дилат бигир асирам
Биё, ай маҳваши нозукхиромам
Наоӣ, хок шавад ишқу маромам
Биё ҷонам, ки аз ғамат бимирам
Ба зиндони дилат бигир асирам
Биё, ай маҳваши нозукхиромам
Наоӣ, хок шавад ишқу маромам
Караоке
Караоке «Биё чон» аз Парвина Шукруллоева / Дилором Курбонова дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.