Матни суруд
Бо ҳавои ту зинда ҳастам
Надонам зинда ҳастӣ бе ман
Дар куҷо бошам, гардам ба назди ту, Душанбе
Имрӯзу фардоям
Дар куҷо бошам, гардам ба назди ту, Душанбе
Имрӯзу фардоям
Эй Душанбе, шаҳри мо
Намеравам ҳеҷ куҷо
Бо ту мемонам якҷо, ҳамеша
Хотири ту мисли тир
Кардаст дилам хавотир
Ҳамеша бодо зинда, ҳамеша
Дар боғчаҳоят гашта будам
Дар мактабҳоят хонда будам
Бинои аз ҳама зебои дунё
Бо ту якҷоя дида будам
Бинои аз ҳама зебои дунё
Бо ту якҷоя дида будам
Эй Душанбе, шаҳри мо
Намеравам ҳеҷ куҷо
Бо ту мемонам якҷо, ҳамеша
Хотири ту мисли тир
Кардаст дилам хавотир
Ҳамеша бодо зинда, ҳамеша
Шабу рӯз маслиҳатҳо кардам
Бо ишқи аввал ошно кардам
Бахти худ ёфтам дар баҳорони ту, Душанбе
Хоки поят гардам
Бахти худ ёфтам дар баҳорони ту, Душанбе
Хоки поят гардам
Эй Душанбе, шаҳри мо
Намеравам ҳеҷ куҷо
Бо ту мемонам якҷо, ҳамеша
Хотири ту мисли тир
Кардаст дилам хавотир
Ҳамеша бодо зинда, ҳамеша
Эй Душанбе, шаҳри мо
Намеравам ҳеҷ куҷо
Бо ту мемонам якҷо, ҳамеша
Хотири ту мисли тир
Кардаст дилам хавотир
Ҳамеша бодо зинда, ҳамеша
Караоке
Караоке «Намеравам 1998» аз Парвина Шукруллоева дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.