Матни суруд
Рухи гулгул, лаби майгун, чашми хумор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Ишваву нозу адо, хиромон рафтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Ишваву нозу адо, хиромон рафтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Золимо, охир ту чаро хулқи маро танг кардӣ,
Сад рақам ҷумла фиреб, ҳилаву найранг кардӣ.
Қаҳр кардӣ, ишва кардӣ, ҳила кардӣ, ҷанг кардӣ,
Чӣ қадар нозу адо, оштию пайкор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Рухи гулгул, лаби майгун, чашми хумор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Ишваву нозу адо, хиромон рафтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Ай парӣ, рӯ ба фидоят сари шӯридаи ман,
Хоки пои ту бувад равшании дидаи ман.
Ай тасаллии дили бисмилу ғамдидаи ман,
Сари ман садқаи ишқи ту, агар кор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Рухи гулгул, лаби майгун, чашми хумор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Ишваву нозу адо, хиромон рафтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Ишваву нозу адо, хиромон рафтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ,
Ширингуфтор дорӣ.
Караоке
Караоке «Ширингуфтор дори» аз Хурмо Ширинова дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.